Пайвандҳои дастрасӣ

"Душанбе-1" - пирӯзи сабқати тирандозӣ


Мусобиқоти қаҳрамонии тирандозии Тоҷикистон бо пирӯзии дастаи Душанбе-1 хотима ёфт.

Ин мусобиқот дар кохи тирандозии Ташкилоти мададгори мудофиаи Тоҷикистон бо ширкати шаш даста аз манотиқи мухталифи кишвар баргузор шуд. Варзишгарон танҳо дар як намуд – тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр рақобат карданд. Дар ҳисоби умумидастаӣ тимҳои Душанбе-1 ва Душанбе-2 мутаносибан ҷойҳои якуму дуввумро соҳиб шуданд. Дастаи шаҳри Кӯлоб дар мақоми севвум қарор гирифт.

Дар сабқати мардон Сергей Бабиков бо касби 578 имтиёз ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.Георгий Богдасаров бо касби 574 имтиёз соҳиби медали нуқра гардид. Медали биринҷӣ бо 559 имтиёз насиби Маҳмадалӣ Алиев шуд. Дар байни занон Заррина Бабикова натиҷаи беҳтарин – 370 имтиёз ба даст овард. Сурайё Ҷумъаева, ки нисбат ба ғолиб 5 имтиёз камтар гирифт, бо медали нуқра мукофотонида шуд. Нодира Абдуллоева бо касби 351 имтиёз барандаи медали биринҷӣ гардид.

XS
SM
MD
LG