Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон таъйид кард, ки тайи соли равон дар ин кишвар сатҳи танфурӯшӣ боло рафтааст.

Ин вазорат изҳори ташвиш мекунад, ки мувофиқи моддаи 239-и Кодекси ҷиноии кишвар, ки ба таъсиси фоҳишахонаҳо, миёнаравӣ ва ҷаллобӣ марбут аст, аз ибтидои соли равон то кунун 101 парвандаи ҷиноӣ боз кардааст, ки ин рақам дар қиёс бо соли гузашта, 26 адад афзудааст. Соли гузашта вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар ин маврид 75 парвандаи ҷиноӣ боз намуда будааст. Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, аз авоили соли ҷорӣ то кунун танҳо дар шаҳри Душанбе ҳуввияти ҳудуди 1 ҳазору 100 зани машғули фоҳишагарӣ ошкор шудааст.

Ғайрат Иззатов, мудири шуъбаи мубориза бо фоҳишагарӣ ва бемориҳои венерики идораи кофтукови ҷиноии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, гуфт, кормандони милиса ҳар моҳ дар шаҳру навоҳии мухталифи Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе, 3-4 маротиба рейдҳои махсус мегузаронанд, ки дар натиҷаи ҳар як рейд аз 25 то 45 зани фоҳиша боздошт мешавад, ки сину соли онҳо аз 13-сола то 50-сола будааст.

Бино ба иттилоъи вазорати умури дохила, фоҳишаҳо дар қиёс ба манотиқи кишвар бештар дар шаҳри Душанбе ҳузур доранд. Давлатшо Холов, як корманди вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, гуфт, занони фоҳиша аслан аз шаҳру манотиқи атрофи пойтахти кишвар ба шаҳри Душанбе ворид шуда, фоҳишагӣ мекунанд. Ӯ афзуд, ин занон шабонгоҳ дар кӯчаҳо ва ё дар марказҳои дилхушие, ки шабона фаъолият мекунанд, мизоҷони худро қабул мекунанд ва нархи хизмати онҳо гуногун будааст.

Оқои Холов гуфт, ҳисси дарёфти маблағ барои рӯзгузаронӣ ба афзоиши фоҳишагарӣ боис мешавад. Аммо коршиносон мегӯянд, мушкилоти иқтисодӣ, аз қабили камбизоатӣ, ба муздурӣ рафтани шавҳарҳои занон, адами ҷои кор, набудани манбаъи даромад ва зиёд будани шумораи занон нисбат ба теъдоди мардон дар Тоҷикистон, занонро маҷбур ба танфурӯшӣ менамудааст. Коршиносон мегӯянд, агар ҳукумат пеши роҳи фоҳишагариро нагирад, оқибатҳои нохубро ба бор меорад.

Ҳангоми боздошти фоҳишаҳо ба онҳо огоҳӣ дода шуда, аз онҳо ҷарима ситонида мешавад, аммо дар мавриди боздошти далаҳо парвандаи ҷиноӣ боз мешудааст. Бино ба Қонуни кайфарӣ ё ҷазои Тоҷикистон барои танфуруӯшӣ муҷозоте пешбиниӣ накардааст ва аз ин афрод танҳо ҷарима ситонида мешавад. Вале ба гуфтаи оқои Холов, афроди далла ё миёнҷӣ, ки занонро барои руспигарӣ водор месозанд, мавриди пайгарди қонунӣ қарор мегиранд.

Мӯниса Абдуллоева, корманди Пажӯҳишгоҳи демографияи Академияи Улуми Тоҷикистон, гуфт, аз рӯи омори созмонҳои байнулмиллалӣ алъон дар Тоҷикистон ҳудуди 8 ҳазор зан ба фоҳишагарӣ машғул будааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG