Пайвандҳои дастрасӣ

Мушарраф бозгашти сарвазирони пешинро муҳим хонд


Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳури Покистон изҳор кард, ки кишвараш дар марҳалаи калидии гузаштан ба демократия қарор дорад. Ин изҳорот ба думболи савганд ёд кардани Мушарраф ба ҳайси раиси ҷумҳури ғайринизомии Покистон садо дод. Маросими савгандёдкунии раиси ҷумҳур имрӯз дар Исломобод баргузор шуд. Дирӯз Парвиз Мушарраф аз маснади фармондеҳи артиш канор рафт.

Раиси ҷумҳури Покистон гуфт, ки ягон чиз садди роҳи интихоботи сартосарӣ нахоҳад шуд ва ҳамзамон даъватҳо барои аз байн бурдани вазъи изтирорӣ дар кишварро рад кард. Парвиз Мушарраф бозгашти сарвазирони пешин Беназир Бҳутто ва Навоз Шарифро чун гоми муҳим дар таъмини мусолиҳаи миллӣ арзёбӣ намуд.

Дар ҳамин ҳол имрӯз дар шаҳри Лоҳур тақрибан дусад тан аз ҳуқуқдонҳо алайҳи раиси ҷумҳури нав намоиши эътирозӣ доир карданд. Ин намоиш ба задухурд бо кормандони пулис печид.

XS
SM
MD
LG