Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоизаи байнулмилалии журналистӣ - ба Юлия Латинина


Ахиран дар Итолиё ба журналисти машҳур ва шореҳи барҷастаи матбуъотии Русия Юлия Латинина ҷоизаи байнулмилалии журналистии ба номи Мария Гратсия Кутулӣ супурда шуд.
Ин ҷоизаро рӯзномаи бузургу машҳури итолиёии «Corriere della Sera» ба хотираи хабарнигори дар Афғонистон кушташудаи ин кишвар Мария Г. Кутулӣ таъсис намудааст.
Ҷоиза соли севум аст, ки ба беҳтарин журналистони ҷаҳон, ки таҳқиқоти арзандаи журналистӣ анҷом додаанд, супурда мешавад.
XS
SM
MD
LG