Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Болоравии бесобиқаи қимати бензин ва таъсири манфии он ба бозори истеъмолии Тоҷикистон, беқурбшавии пули миллии сомонӣ дар қиёс бо асъори хориҷӣ, баёнияҳои шадидуллаҳни сафири Русия дар нишасти ахири хабарияш дар Душанбе, анҷом ёфтани баррасиҳои тарҳи қонуни баҳсбарангези озодии виҷдон, инчунин ҳаводиси ахири Русия, Покистон ва Гурҷистон дар остонаи интихоботҳои қарибулвуқӯъ дар ин кишварҳо аз мавзӯъҳои аслии нашрияҳои ин ҳафтаи чопи Душанбе ба шумор мераванд.

Нашрияи «Asia-Plus» сабаби афзоиши нархи бензин дар сӯхтфурӯшиҳоро пурсидааст. Дар вазорати рушди иқтисод ба ин расона гуфтаанд, ки ин ҳама ба болоравии қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ иртибот дорад. Ва аммо нашрия, бо истинод ба хабаргузориҳои байнулмилалӣ, менависад, ки дирӯз, 28-уми ноябр, баҳои як бушк нафт дар Биржаи Ню-Йорк якбора то 3 доллару 28 сент поин рафт ва ба 94 доллару 42 сент баробар шуд. Вале ҳамоно қимати сӯзишворӣ дар Тоҷикистон рӯ ба боло мениҳад.
Нашрияи ҷамъиятиву сиёсии «Миллат» менависад, болоравии қимати бензин, ба эҳтимоли қавӣ, метавонад афзоиши қимати роҳкиро ва маводди ғизоӣ, мисли орду равғанро, ки бе ин ҳам имрӯзҳо хеле гарон аст, дар пай дошта бошад. Ба навиштаи «Миллат» болоравии арзиши евро, воҳиди пули Аврупо, ба гаронии бензин дар Тоҷикистон сабаб шудааст, «чун аз ин ба баъд тоҷирон молиёт барои воридоти сӯхтро бо воҳиди пули Аврупо бояд пардохт бикунанд». Нашрия дар ин замина аз раҳбарони ниҳодҳои иқтисодии кишвар, аз ҷумла аз раиси Бонки Миллии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардонов, интиқод кардааст, ки талошҳои онҳо дар баробари беқурбшавии пул ва болоравии нархи маводди ғизоӣ мушоҳида намешавад. Ҳафтанома хитобан ба раиси Бонки Миллӣ менависад: «…Ҳарчанд Бонки миллӣ ба таври стихиявӣ тавозуни қурби сомониро нисбат ба доллари амрикоӣ нигоҳ доштааст, вале нархи маводди хӯрокаю дигар чандин маротиб рӯ ба афзоиш доранд. Ба ин чӣ мегӯед? Киро фиред медиҳем?»
«Нигоҳ», нашрияи дигари сиёсиву иҷтимоъӣ, дар гӯшаи вижаи «Мавзӯъи асосӣ» мусоҳибае бо раиси собиқи Кумитаи амнияти миллӣ Сайидамир Зуҳуровро ҷой додаст. Дар ин мусоҳибаи дусафҳаӣ генерали тоҷик дар бораи наҳваи ба дасти гурӯҳи собиқ фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Оппозитсиюни тоҷик Ризвон Содиров гаравгон афтоданаш, инчунин дар бораи амалиёти ба қатл расонидани худи Ризвон Содиров қисса мекунад.
Дар ҳамин ҳол, нашрияи дигари ҷамъиятиву сиёсӣ бо номи «Фараж» аз натоиҷи як назарсанҷӣ дар мавриди обрӯву нуфузи чеҳраҳои сиёсӣ ва ҳизбҳои Тоҷикистон матлабе ба чоп расонидааст. Ин назарсанҷиро Маркази шаҳрвандии таълимии ҷавонон мавсум ба «ГИВ Аксент» дар миёни 300 сокини устони Суғди Тоҷикистон доир намудааст. Аксар аз пурсидашудагон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон мешинохтаанд, на ҳизби халқии демократӣ. Ҳамчунин тақрибан 30 дарсади посухдодагон маҳз Ҳизби демократро аз ҳизбҳои қудратманду шуҳратёр ном бурдаанд. Аммо ба истилоҳ, «ҳизби президент», яъне Ҳизби халқии демократӣ дар натиҷаи ин назарсанҷӣ мақоми севумро бо 63 овоз касб кардааст. Як зина пеш аз ҳизби ҳоким, бо 69 овоз коммунистҳо ва дар мақоми чаҳорум Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон ҷой гирифтаанд. Ва аммо 50 тан аз миёни 300 нафар иқрор кардаанд, ки исми ҳеҷ як аз 8 ҳизби амалкунандаи Тоҷикистонро наметавонанд номбар кунанд.
«Аргументи и факти - Таджикистан» дар посух ба суоли як хонандааш, ки мепурсад, агар яке аз ҳамсарон мубтало ба бемории AIDS бошад, нафари дигар ҳаққи лағви ақди никоҳро дорад, навиштааст, ки дар айни замон танҳо Кодекси оилаи Узбакистон дар чунин шароит ин амалро раво медонад. Ба иттилоъи ҳафтанома, ин гуна банд дар Кодекси оилаи Тоҷикистон вуҷуд надорад ва дар назар ҳам нест, ки ворид шавад. Аммо барои қасдан пинҳон кардани гирифторӣ ба AIDS аз сӯи яке аз ҳамсарон, тибқи Кодекси ҷиноии кишвар, ҷазо дода мешавад ва барои сирояти каси дигар бо ин мараз ба ӯ аз 2 то 5 соли зиндон пешбинӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG