Пайвандҳои дастрасӣ

Беҳтаринҳои соли 2007 дар Осиё


Маросими супурдани ҷоизаҳои AFC – Конфедеросиюни футболи Осиё ба беҳтаринҳо дар соли 2007 рӯзи 28-уми ноябр дар шаҳри Сиднейи Австралия баргузор шуд.

Ёсир ал-Қаҳтонӣ, ҳамлагари дастаи мунтахаби миллии Арабистони Саъудӣ беҳтарин футболбози Осиё дар соли 2007 эълом гардид. Ҷоизаро ба ӯ президенти AFC Муҳаммад бин Ҳаммом супурд.

Мунтахаби Ироқ беҳтарин тими миллӣ дониста шуд. Марк Шилд, аз Австралия беҳтарин довар эътироф гашт. Рауф Инилеев, сармураббии тими мунтахаби миллии Узбакистон беҳтарин мураббии сол ном гирифт. Ким Кум Ил, капитани дастаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ байни бозигарони зери 20-сола пирӯз шуд.

Ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои Осиё - «Урава Редс»-и Ҷопон беҳтарин бошгоҳи футбол, мунтахаби Эрон беҳтарин тими футзал, Воҳид Шамсоии эронӣ беҳтарин бозигари футзали қора эътироф гардиданд.

Созмони футболи Чин беҳтарин федеросиюни миллӣ эълом гашт. Ҷоизаи «Бозии ҳалол» ба мунтахаби Ҷопон супурда шуд.

Ҷоизаи «Алмоси Осиё» насиби собиқ президенти УЕФА Леннарт Юханссон гардид.

XS
SM
MD
LG