Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мардикорони ҷавоне, ки аз ояндаи худ "хушбинанд"


Аскар Маҳмадалиев 21 сол дорад ва сокини вилояти Сурхандарёи ҷануби Ӯзбакистон аст. Феълан, ӯ дар Русия мардикор аст ва мегӯяд, ҳақмузде ки ӯ дар ин ҷо ба даст меорад, барои кӯмак ба волидонаш мефиристад ва миқдори камашро барои бунёди оила пасандоз мекунад.

“Дигар чорае ба ҷузъ аз кор кардан дар Русия вуҷуд надорад. Мо ба сарнавишти худ тан дода, дар ин ҷо кор мекунем. ”

Бо вуҷуди он, ки ба мисли Аскар ҳазорҳо ҷавони ӯзбак ба хотири пайдо намудани ҷойи кор ва зиндагии беҳтар кишварро тарк кардаанд, натиҷаи як назархоҳии Маркази омӯзиши афкори умумии Ӯзбакистон нишон медиҳад, ки ағлаби ҷавонони ӯзбак яъне 80 дарсади онҳо аз ояндаи худ, пайдо кардани ҷойи кор ва ҳифзи иҷтимоияшон хушбинанд. Тибқи ҳамин назарпурсӣ, ки як ҳафта қабл анҷом шуд, аксари ҷавонони ӯзбак аз низоми сиёсӣ ва иқтисодии кишварашон розӣ будаанд.

Аммо, дар ҳамин ҳол, теъдоди зиёди ҷавонони ин кишвар дар сӯҳбат ба бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ натиҷаҳои ин ҳамапурсиро рад карда онро ҳамчун тарғиботи ҳукумат дар пешорӯи интихоботи 23 декабр арзёбӣ намуданд. Муҳиддин Абдурасулов, сокини Тошкент, ки дар Туркия таҳсил мекунад, гуфтааст, натиҷаи ин ҳамапурсӣ хандаовар аст.”

Ҳарчанд, дар Ӯзбакистон мизони бекорӣ авҷ мегирад, аммо ҳуқумати кишвар мавҷудияти ин мушкилро эътироф намекунад. Ва омори расмии Вазорати кори Ӯзбакистон сафи бекорон дар ин кишварро 3 дарсад мегӯяд. Ин ҳам дар ҳолест, ки коршиносони мустақил, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ мизони бекорӣ дар Ӯзбакистонро наздик ба 30 ва ё 50 дарсад медонанд.

Муҳиддин Абдурасулов мегӯяд, ин аст, ки ҳазорҳо ҷавони ӯзбак, онҳое, ки ба қавли назарсанҷии ахир “аз имконот ва ҳифзи иҷтимоии худ розиянд”, барои пайдо кардани шуғл роҳ сӯи Русия, Қазоқистон ва Тоҷикистон мегиранд.

Созмонҳои муҳоҷиратии Русия мегӯянд, Ӯзбакистон аз ҳисоби фиристодани шумораи муҳоҷирон ба ин кишвар, пас аз Украина дар ҷойи дуввум қарор дорад. Аксарияти муҳоҷирони ӯзбак зери синни 30 буда дар сохтмонҳо ва бозорҳои Русия кор мекардаанд.

Орифҷон Аҳмадов, як ҷавони 18 - солаи бошандаи Андиҷон, ки ҳамчун нонпаз дар хориҷ аз Ӯзбакистон бо падараш кор мекунад, натавонистааст, таҳсили худро ба итмом бирасонад. Орифҷон мегӯяд, ӯ аз ояндаи худаш хушбин нест.

“Шароити бади зиндагӣ имкон надод,ки ман таҳсили худро ба охир бирасонам.Ман маҷбур шудам,ки пас аз синфи 6 мактабро тарк кунам. Зиндагӣ хеле мушкил буд.Фикр мекунам зиндагӣ дар Ӯзбакистон замоне,ки ман хурд будам беҳтар буд.Ва ҳамчунин наслҳои гузашта ҳаёти хуб доштанд.Аммо ҳоло зиндагӣ хеле мушкил гардида аст.”

Гурӯҳи байналмилалии бӯҳрон низ бо натиҷаи эълоншудаи назархоҳии ахир дар Ӯзбакистон мувофиқ нест. Паул Квин, раиси Гурӯҳи байналмилалии бӯҳрон гуфт, бо натоиҷи назархоҳиҳое, ки аз сӯи кишварҳои ба мисли Ӯзбакситон сурат мегирад, бояд бисёр боэҳтиёт буд:

“Ин чандин сабаб дорад. Яке аз онҳо, бидуни шак, эҷоди фазои тарс дар миёни мардум аст. Дар ин кишвар режиме ҳоким аст, ки сохтори хеле рушдкардаи амниятӣ дорад.”

Паул Квин ҳамчунин афзуд, ҳангоме, ки дар хиёбонҳои Ӯзбакистон аз касе назарашро дар мавриди сиёсати ҳукумат ва ё шароити зиндагияш суол кунед, кам нафаре ёфт мешавад, ки давлатро ба сурати ошкор, бидуни тарси ин ки барои ин амалаш таъқиб ва ё ҳатто ба зиндон кашонида хоҳад шуд, интиқод мекунад.

XS
SM
MD
LG