Пайвандҳои дастрасӣ

САҲА Қазоқистон ва интихоботи Русияро баррасӣ мекунад


Имрӯз дар Мадрид, пойтахти Испания нишасти дурӯзаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо бо ширкати вазирони умури хориҷаи 56 кишвари аъзои он шурӯъ мешавад. Қарор аст, дар кори он мавзӯи баҳсбарангези интихоби Қазоқистон ба мақоми раҳбари даврии ин созмон дар соли 2009 баррасӣ шавад. Баъзе кишварҳои мисли Бритониёву ИМА бино ба нишондодҳои заъифи демократии Қазоқистон аз раъйдиҳӣ дар ин масъала эҳтиёт мекунанд. Нишасти САҲА боз ҳам дар шароите баргузор мешавад, ки ахиран миёни Русияву ИМА баҳсе сари адами ширкати гурӯҳи нозирони интихоботии САҲА дар интихоботи парлумонии Русия сар задааст. Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия САҲАро дар он муттаҳам кард, ки бо машварати Амрико ва бо ҳадафи, ба қавли Путин, беобрӯ кардани Маскав, аз фиристодани ҳайати нозирони интихоботиаш ба ин кишвар худдорӣ кард. Ҳарду ҷониб - ҳам Амрико ва ҳам САҲА ин иттиҳомоти Маскавро рад мекунанд ва мегӯянд, ки Русия барои ирсоли намояндаҳои онҳо монеаҳо ҷорӣ кардааст. Инчунин қарор аст, ки нишасти САҲА ба мавзӯи боздошти узвияти Русия дар Паймони нирӯҳои маъмулии Аврупо дар посух ба нақшаҳои Амрико оиди истиқрори сипари зиддимушакиаш дар Лаҳистону Ҷумҳурии Чех муроҷиат кунад. Дар кори ҳамоиши вазирони хориҷаи кишварҳои узви САҲА Ҳамроҳхон Зарифӣ, раиси сиёсати хориҷаи Тоҷикистон ширкат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG