Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифати нави Русия ба истиқлолияти Косово


Русия мухолифати худро ба эъломи якҷонибаи истиқлолияти Косово аз ҷониби аксарияти албанитабори ин минтақа аз нав такрор кард. Дар пайи нокомии дирӯзаи музокироти ниҳоӣ барои дастёбӣ ба тавофуқи назар дар масъалаи Косово дар Австрия, вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров вазъиятро "хеле ташвишовар" арзёбӣ кард. Лавров гуфт, ки Маскав муттафиқи Сербистон аст ва наметавонад бигӯяд, ки истиқлолияти Косово иҷтинобнопазир аст. Раҳбарияти аксарияти албанитабори Косово таҳдид кардаанд, ки ба таври якҷониба истиқлолияти худро аз Сербистон эълон мекунанд, агар Шӯрои амнияти СММ, ки дар он Русия ҳақи ветогузориро дорад, ба баррасии масъалаи истиқлолияти Косово барнагардад.
XS
SM
MD
LG