Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: "Иҷоза намедиҳем, ки самтгириҳои Русия аз берун "ислоҳ" шавад"


Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар ҳузури сафирони хориҷии кишвараш гуфт, ки вай иҷоза нахоҳад дод, самтгириҳои Русия аз берун "ислоҳ" шавад.

"Мо ҳама корро кардем, ки Русияро аз садамаҳои дохилӣ наҷот диҳем ва ин кишварро ба роҳи рушди эволютсионӣ гардонем. Ман маҷбурам такрор кунам, ки мо иҷоза нахоҳем дод, ки ин ҷараён аз берун ислоҳ шавад".

Дар ин нишаст, ки ба таври мустақим аз телевизион намоиш дода шуд, Путин аз ҷумла ваъда дод, ки интихоботи парлумонии рӯзи якшанбе дар фазои озоду одилона баргузор мешавад. Ҷараёни маъракаи интихоботи парлумонии Русия аз ҷониби мухолифин ва дар хориҷи кишвар бо танқидҳо рӯбарӯ шуд. Аз ҷумла Ғарб ахиран саркӯби тазоҳуроти мухолифин, боздошт шудани баъзе раҳбарони ин нирӯҳо ва сӯиистифодаи расонаҳо аз ҷониби ҳизби пуштибон аз президенти "Русия Воҳид"-ро маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG