Пайвандҳои дастрасӣ

Мушкилоти кӯҳансолон баррасӣ мешавад


Қарор аст имрӯз дар як конфронси байналмилалӣ дар Душанбе мушкилоти иҷтимоии афроди кӯҳансоли Тоҷикистон муҳокима шавад. Ҳадафи аслии ин нишаст мусоидат дар «такмили низоми ҳамкориҳои мутақобилаи сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятиву байналмилалӣ дар роҳи беҳбудсозии шароити зисти кӯҳансолон» будааст. Дар чаҳорчӯби ин нишаст инчунин масоили дастрасии пиронсолон ба таҳсил, таъмини иҷтимоӣ ва беҳдошти онҳо баррасӣ хоҳанд шуд. Дар пайи ин нишасти дурӯза қарор аст тавсияҳо оид ба иҷрои қарордодҳои байналмилалӣ, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯҳансолонро пешбинӣ мекунанд, интишор мешавад.
XS
SM
MD
LG