Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Болоравии мизони сармоягузориҳои мустақим


Ҳаҷми сармоягузориҳои мустақим ба иқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба 320 миллион доллари амрикоӣ расидааст. Вазорати рушди иқтисод мегӯяд, ин нишондиҳанда назар ба як соли пеш 35 дарсад афзун будааст. Беш аз 50 дар сади сармояҳои хориҷӣ барои рушди бахши энержӣ ихтисос дода шуда, 160 миллион долларро ташкил додааст. Русия, ИМА ва Қибрис аз сармоягузорони аслии Тоҷикистон унвон мешаванд.
XS
SM
MD
LG