Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи ироаи сӯзишвории бештар ба Тоҷикистон


Ширкати русии «Газпром нефт-Тоҷикистон» ваъда додааст, ки сар аз имрӯз, 29-уми ноябр, миқдори зиёди сӯзишвориро вориди Тоҷикистон мекунад. Ба қавли намояндагони ин ширкат, бензини ворида ҳудуди 30 дар сади эҳтиёҷоти ин кишварро бароварда хоҳад сохт ва қимати он ҳам дар нуктаҳои сӯхтфурӯшӣ аз марзи сеюним сомонӣ, муодили як доллари амрикоӣ берун нахоҳад рафт. Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта дар сӯхтфурӯшиҳои Душанбе баҳои бензин ба таври бесобиқа боло рафта ва 1 литри он бар ивази то 4,5 сомонӣ харида мешуд. Дар ин иртибот вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон як камиссиюни махсус ташкил дода, таҳқиқи омилҳои болоравии қимати бензин ва таъсиргузорӣ ба коҳиши нархи онро ҳадаф қарор додааст. Яке аз сабабҳои аслии болоравии қимати сӯзишворӣ дар Тоҷикистон таъхир дар воридоти он аз кишвари Русия гуфта мешавад. Мақомот мегӯянд, 70 дар сади сӯзишвории ворида ба Тоҷикистон моли Русия будааст ва дар соли равон ба андозаи беш аз 235 миллион доллари амрикоӣ анвоъи мухталифи маводди сӯхт ворид карда шудааст.
XS
SM
MD
LG