Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Буҳрони бензин дар Тоҷикистон


Қимати афзояндаи бензин дар Тоҷикистон ҳанӯз собит нашудааст

Қимати афзояндаи бензин дар Тоҷикистон ҳанӯз собит нашудааст

Ахиран дар Тоҷикистон нархи бензин ва дигар маводи сӯхт ба гунаи бесобиқа боло рафта, дар ҳоли ҳозир ба 4 - 4,5 сомонӣ расидааст.

Мақомоти масъули Тоҷикистон имкони танзими нархи бензин ва назорати вазъи мавҷуд дар робита ба маводи сӯхт дар кишварро надоштаанд. Дар ширкати «Нафтрасон» мегӯянд, болову поин рафтани қимати маводи сӯхт дар идораи ин муассиса қарор надорад, зеро дар Тоҷикистон маводи сӯхт истеҳсол намешавад ва аслан аз хориҷ ворид мегардад.
Ҳангоми ба нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхти пойтахт омадан мо қатори мошинҳо ва гурӯҳи ронандаҳои безобитаро медидем, ки ноилоҷ бо нархи аз 4 то 4,5 сомонӣ (муодили тақрибан якуним доллар) бензин мехариданд. Ба қавли бархе ронандаҳои нақлиёти мусофирбари давлатӣ ва афроди алоҳида, аксари истгоҳҳои сӯхтгирии Душанбе ба далели камбуди бензин ахиран фурӯши онро мутаваққиф кардаанд.
Масъулони ширкати «Нафтрасон» гуфтанд, ки асли қазия аз боло рафтани қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ ва ҳамзамон эҷоди маҳдудият барои содироти ин навъи маводи сӯхт аз Русия ва Қазоқистон сар мезанад. Ба гуфтаи онҳо, феълан Русия ва Қазоқистон аз муҳимтарин содиркунандаи маводи сӯхт барои давлати Тоҷикистон маҳсуб мешаванд. Коршиносон мегӯянд, баҳонаи эҷоди маҳдудият барои содироти бензин аз ин ду кишвар тақдири минбаъда, вале норавшани баҳои доллар дар нисбати евро ва рубли русӣ будааст. Онҳо мегӯянд, аз ҳоло пешгӯӣ кардан ғайриимкон аст, ки оё арзиши бензин дар кишвар боз ҳам боло хоҳад рафт ё поён. Шояд, мегӯянд онҳо, то хатми маъракаи интихоботи раиси ҷумҳури Русия ин мушкил ҳалношуда боқӣ монад, зеро ҳанӯз Русия муқаpрар накардааст, ки маводи сӯхтро бо доллар ба савдо гузорад, ё бо рубли русӣ. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ин кишвар баҳои доллар рӯз то рӯз поён меравад.

Болоравии нархи бензин ронандаҳои Тоҷикистонро мушаввашу нигарон кардааст
Иддае дигар аз коршиносон мегӯянд, қимати бензин дар Тоҷикистон бояд ҳанӯз дар се моҳи пеш – баробари аз 70 то 96 доллари амрикоӣ афзудани қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ – гарон мешуд. Аммо ширкати «Газпром»-и Русия, ки барои ҳар моҳ тақрибан 6 ҳазор тонна маводди сӯхт, аз қабили бензинро ба Тоҷикистон ворид мекардааст, нархи бензинро ҳамоно дар як сатҳ қарор дошта, аммо ба маврид боло мебурдааст. Ба иддаои масъулони «Нафтрасон», ширкати русии «Газпром», воридкунандаи аслии маводи сӯхт ба Тоҷикистон, ҳоло интиқоли бензин ба ин кишварро кам кардааст, ки дар натиҷа сатҳи воридоти бензин ба Тоҷикистон поин рафта, баҳонаи асосии болоравии қимати бензин шудааст.
Ҳарчанд то кунун мақомоти расмии давлати Тоҷикистон ва расонаҳои ҳукуматӣ перомуни болоравии бесобиқаи баҳои бензин ташреҳу тафсире ҳам надодаанд, аммо манобеъи наздик ба онҳо, афзудани қимати бензин дар Тоҷикистонро ба афзудани қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ рабт медиҳанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи чаҳоршанбеи 28-уми ноябр қимати як баррел ё бушки нафт дар бозори ҷаҳонӣ аз 96 доллари амрикоӣ ба 94 доллар поён рафт, вале қимати бензин дар истгоҳҳои сӯхтгирии Душанбе аз 4,1 сомонӣ то ба 4,5 сомонӣ расид.
Ғафурҷон Расулӣ, сухангӯи вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон, мегӯяд, баҳонаи боло рафтани нархи бензин дар кишвар ба ишколҳои гумрукӣ низ вобаста аст. Ба гуфтаи вай, ахиран ин вазорат як кумисюни вижа таъсис додааст, то қимати бензинро дар ҳудуди Тоҷикистон танзим бикунад.
Дар ҳамин ҳол, Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, то шурӯъи моҳи ноябр аз Русия, Қазоқистон, Узбакистон ва Туркманистон ба кишвар 199 000 тонна бензин ворид шудааст, ки 82 000 тоннаи он ба соҳибкорон тааллуқ мегирад.
Як сӯхтфурӯшӣ дар Душанбе
Гуфта мешавад, Тоҷикистон ҳамасола аз кишварҳои хориҷӣ барои бароварда сохтани ниёзҳои худ ҳудуди 400 000 тонна маводи сӯхт ворид месохтааст, ва интизор меравад, ки дар соли 2008 ин талабот ба 600 000 тонна хоҳад расид.
Дар ҳамин ҳол дар вилояти Суғди Тоҷикистон феълан як литр бензин 3,3 сомонӣ арзиш доштааст. Ба гуфтаи коршиносон, имконпазирии чунин вазъ он аст, ки дар ин минтақа аксари мошинҳо бо газ ҳаракат мекунанд. Дар минтақаи шарқу ҷанубии кишвар бошад вазъ дигаргуна аст ва як литр бензин дар инҷо ба 4 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG