Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путин: Аз Русия даст кашед!


Президенти Русия Владимир Путин дар мулоқот бо сафирони кишварҳои хориҷии мустақар дар Маскав гуфт, ӯ иҷозат нахоҳад дод, ки таҳаввулоти кишвараш зери нуфузи хориҷӣ ислоҳ шавад.
" Мо тамоми корро кардем, ки Русияро аз таконҳои дохилӣ раҳо намуда, ин кишварро дар роҳи рушди тадриҷӣ( эволютсионӣ) қарор диҳем. Ва ман такрори ин фикрро зарур мешуморам, ки мо имкон намедиҳем, ин раванд аз хориҷи кишвар ислоҳ шавад."
Президенти Русия ваъда дод, ки интихоботи парламентии 2-уми декабр озоду одилона хоҳад буд.
Интихоботи Думаи Давлатӣ: Палатаи поёнии Парламенти Русия аз тарафи ҷомеаи байналмилалӣ ва мухолифини ҳукумати Русия интиқод шудааст. Мунаққидон мегӯянд, Кремл бо ҳар роҳу воситаи имконпазир саъй дорад, пирӯзии ҳизби Русияи Воҳиди ҷонибдор аз Путинро таъмин намояд.
XS
SM
MD
LG