Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтушуниди Косово бидуни созиш хотима ёфт


Гуфтушуниди серӯзаи сербҳо ва албанитаборони Косово рӯи мақоми ояндаи ин устони Сербия бидуни мувофиқат ба анҷом расид.

Дар шаҳри Бадени Австрия раиси вилояти Косово Фатмир Сеҷду гуфт, ки даври ниҳоии музокироти сарнавишти Косово бидуни созиш хотима ёфт.
Сеҷду гуфт, ки ба зудӣ Косово соҳибистиқлолии худро эълон хоҳад кард. Ӯ тафсилоти бештар надод.
Вале президенти Сербия Борис Тадич иброз дошт, ки мақомоти Белград ҳар гуна эъломияи соҳибистиқлолии Косоворо беэътибор хоҳанд донист.
Фиристодаи ИМА Фрэнк Виснер гуфт, ки сулҳи минтақа ба ин музокирот бастагӣ дорад. Ӯ ҷонибҳоро ба сулҳу муколама даъват кард.
Музокироти Баден боз як кӯшиши миёнаравҳои байналмилалӣ:Иттиҳодияи Аврупо, ИМА ва Русия ба хотири наздик намудани мавқеъҳои Белград ва Приштина дар масъалаи сарнавишти ояндаи устони Косово буд.
Миёнаравҳо 10 декабр ба СММ дар бораи натиҷаи музокироти Косово иттилоъ медиҳанд.
Албанистаборони Косово соҳибистиқлолии комил тақозо доранд. Белград ҳозир аст, ки ба Косово дар чорчӯби Сербия мухторият тақдим намояд.
XS
SM
MD
LG