Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Собиқ мансабдори гурҷӣ дар Олмон дастгир шуд


Мақомоти Олмон собиқ вазири мудофиаи Гурҷистон Ираклӣ Окруашвилиро боздошт намудаанд. Окруашвилӣ дар ватанаш бо фасод ва сӯиистифода аз қудрат муттаҳам мебошад. Додситонии шаҳри Берлин мегӯяд, интизор меравад, ки мақомоти Гурҷистон шаҳодати ҷурми Окруашвилиро пешниҳод намоянд.
Истирдоди Окруашвилиро Гурҷистон дархост намудааст, вале қабули қарори ниҳоӣ дар дасти додгоҳи Берлин ва вазорати адлияи Олмон аст. Окруашвилӣ моҳи сентябр дар Гурҷистон дастгир шуда буд. Мақомот ӯро бо фасод, шустушӯи пул ва сӯиистифода аз қудрат муттаҳам мекарданд. Окруашвилӣгаравпулӣсупурда, аз зиндон раҳо шуд. Сипас ӯ ба Олмон сафар кард.
XS
SM
MD
LG