Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шакку умедҳо аз музокироти сулҳи Аннаполис


Раисҷумҳури ИМА Ҷорҷ Буш, нахуствазири Исроил Эҳуд Олмерт ва раҳбари Фаластин Маҳмуд Аббос дар Аннаполис, 27 ноябри 2007

Раисҷумҳури ИМА Ҷорҷ Буш, нахуствазири Исроил Эҳуд Олмерт ва раҳбари Фаластин Маҳмуд Аббос дар Аннаполис, 27 ноябри 2007

Дар ҳоле ки раҳбарони Исроил ва Фаластин дар нишасти Аннаполис ҷиҳати шурӯъи музокироти сулҳ тавофуқ карданд, назарсанҷии маркази мутолиъоти «Пю» ҳокист, ки аксари мардуми минтақаи Ховари Миёна ба дурнамои сулҳи исроилиҳову фаластиниҳо шакк доштаанд.

77 дарсади фаластиниҳои пурсидашуда, 80 дарсади мисриҳо ва ҳамин тавр 78 дарсад дар Урдун имкони ба сулҳу оштӣ расидани Исроил ва фаластиниҳоро таҳти шубҳа қарор додаанд ва танҳо шашяки пурсидашудагон дар ин кишварҳо сулҳи Ховари Миёнаро амри мумкин арзёбӣ кардаанд. Бино бар натоиҷи назарсанҷии маркази мутолиъотии «Пю», дар Исроил 61 фоизи мардум дар мавриди хатми низоъ бо фаластиниҳо хушбин буда, аммо 31 дарсад ба ин бовари зиёде надоштаанд.

Ин дар ҳолест, ки беш аз 60 дарсади мардуми пурсидашуда дар ҷараёни назарсанҷии маркази «Пю» дар Амрикову Канада ва Бритониё ва беш аз 80 дарсад дар Олмону Фаронса бовар доштаанд, ки билохира байни Исроил ва фаластиниҳо сулҳу оштӣ ба даст хоҳад омад. Фисади мардуми нохушбин дар ин масъала дар Ғарб танҳо аз 11 то 27 дарсадро ташкил медодааст. Ва аммо дар бисёре аз кишварҳои аврупоӣ мизони хушбинӣ ба ояндаи сулҳи Ховари Миёна дар муқоиса бо 4 соли пеш ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтаст.

Назарсанҷии анҷомдодаи маркази «Пю» ҳамчунин ҳокист, ки як бахши аъзами пурсидашудаҳо дар Ховари Миёна Эронро, ба хусус ба маҳзи талошаш ҷиҳати даст ёфтан ба силоҳҳои ҳастаӣ, таҳдиди афзоянда ба суботи минтақа медонанд. Дар Исроил аксарияти кулли пурсидашудагон бар изофаи Эрон, гурӯҳҳои тундрави Ҳамос ва Ҳизбуллоҳро таҳдид ба амнияти кишвари худ арзёбӣ кардаанд.

Аммо дар кишварҳои арабии ҳамҷавор бо Исроил ва ҳамчунин дар сарзаминҳои фаластинӣ, аксари пурсидашудаҳо аз сӯи Исроил ва қисман аз ҷониби Амрико эҳсоси хатар мекардаанд. 86 дарсад дар Миср, 81 дарсад дар Урдун, 74 фоизи пурсидашудаҳо дар Лубнон ва 60 дарсади фаластиниҳо Исроилро манбаъи хатар ба сарзамини худ хондааанд. 48 дарсади пурсидашудаҳо дар Фаластин ва 39 дарсад дар Миср ҳамин тавр Амрикоро манбаъи хатар ном бурдаанд.

Дар Исроил 37 дарсад сиёсати Вошингтон дар қиболи минтақаро мунсифона хонда, 42 дарсад гуфтаанд, Амрико аз Исроил ҳимоят мекунад. Вале ба бовари 13 дарсади исроилиҳои пурсидашуда дар ҷараёни назарсанҷии маркази мутолиъоти Пю, Амрико баръакс пуштибони фаластиниҳост. Ва аммо дар худи Амрико 34 дарсад сиёсатҳои кишвар дар Ховари Миёнаро мунсифона, 27 дарсад – ба фоидаи Исроил дониста, ва ҳамагӣ 8 дарсад гуфтаанд, ки Амрико дар минтақа аз фаластиниҳо пуштибонӣ мекунад.

Бо ин ҳол, танҳо аз 3 то 7 дарсади пурсидашудагон дар кишварҳои арабӣ ва танҳо 2 дарсади фаластиниҳо сиёсати Амрико дар Ховари Миёнаро мунсифона дарёфта, ва аммо аз 86 то 91 дарсади пурсидашудаҳо дар ҷараёни назарсанҷии маркази мутолиъоти Пю дар кишварҳои арабӣ ва 90 дарсад дар сарзаминҳои фаластинӣ гуфтаанд, ки Амрико сароҳатан аз Исроил пуштибонӣ мекунад. Ва аммо танҳо 10 дарсади фаластиниҳо Амрикоро дар ин амр, ки то ҳол давлати мустақили Фаластин таъсис наёфтааст, муқассир медонанд. Тақрибан нисфи фаластиниҳои пурсидашуда ин гуноҳро бар дӯши Исроил бор кардаанд. Ва ин дар ҳолест, ки 64 дарсад дар Исроил гуфтаанд, нокомӣ дар ин амр бо айби худи фаластиниҳост.

XS
SM
MD
LG