Пайвандҳои дастрасӣ

Ба иттилоъи хадамоти матбуъотии раёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, ахиран бемористони марказии ин ниҳод аз ҷониби ҳукумати Жопун (Япония) ҳамчун кумаки ройгон ба маблағи беш аз 81 ҳазор доллар таҷҳизоти тиббӣ дарёфт намуд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки аз соли 1996 ба ин тараф ҳукумати Жопун дар доираи кумакҳои ройгони лоиҳаҳои иҷтимоъии миқёси хурд 201 лоиҳаро дар ҳаҷми умумии $12 542 000 дастгирӣ гардааст.
Гуфта мешавад, иқдоми ахир дар доираи як бурс-лоиҳа сурат гирифтааст, ки дар он таҷҳизоти пешрафтаи муосири тиббӣ, аз ҷумла дастгоҳи ултрасадоӣ, дефибрилятор, ду маҷмӯъаи афзори ҷарроҳӣ, дастгоҳи рентгении мобилӣ ва m-эхоэнцефалограф, ба қимати умумии $81730 дохил мешаванд.
Мутахассисони бемористон мегӯянд, дарёфти ин таҷҳизоти муосир ба теъдоди зиёди сарбозону кормандони артиш аз манотиқи дурафтодаи кишваро, ки ба ташхис ва ёрии тиббӣ ниёз пайдо мекунанд, кумаки муассир хоҳад кард.
Лозим ба тазаккур аст, ки аз кумаки тибии ин бемористон дар ҳолатҳои зарурӣ феълан ҳамчунин аҳолии наздик ба он (ноҳияи шаҳраки Калинин) метавонад истифода кунад.
Дар маросими эҳдои кумак Сутому Хираока, сафири фавқулодаву мухтори Жопун дар Тоҷикистон, ва раҳбарияти раёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ширкат намуданд.
XS
SM
MD
LG