Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушарраф аз мақоми низомӣ даст кашид


Имрӯз президенти Покистон генерал Парвез Мушарраф аз мақоми сарфармондеҳи артиши ин кишвар истеъфо дод.
Дар як маросими ботантанаи низомӣ дар ситоди марказии шаҳри Равалпиндии канори Исломобод Мушарраф салоҳиятҳои раҳбари низомии Покистонро ба фарди интихобнамудааш: собиқ раиси хадамоти иктишофӣ Ашфақ Киёнӣ таслим намуд.
Ҳамин тариқ ҳукмрони низомии Мушарраф баъди ҳашт сол хотима ёфт. Пешбинӣ мешавад, ки фардо: 29 ноябр Мушарраф ба ҳайси президенти мулкии Покистон савганд ёд мекунад. Мушарраф соли 1999 дар ҷараёни як табаддлуоти низомии бидуни хунреӯӣ сари қудрат омад. Ӯ зери фишори байналмилалӣ қарор дорад, то салоҳиятҳои низомиашро канор гузошта, вазъи фавқулодаи моҳи равон ҷорӣ намудаашро лағв кунад.

XS
SM
MD
LG