Пайвандҳои дастрасӣ

Савазири Қирғизистон барканор шуд


Президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев иҷрокунандаи вазифаи сарвазири ин кишвар Алмос Отамбековро ба истеъфо фиристод. Ин амал дар ҳоле ба вуқӯъ пайвастааст, ки 16-уми декабр дар Қирғизистон интихоботи пеш аз мӯҳлати парламентӣ барпо хоҳад шуд. Ҳизби сотсиал демократи Отамбеков яке аз рақибони асосии ҳизби мардумии Окҷол мебошад. Окҷолро президенти Қирғизистон таъсис додааст. То ҳол касе ба мансаби сарвазир пешбарӣ нашудааст.
XS
SM
MD
LG