Пайвандҳои дастрасӣ

Мушарраф тарки мақоми низомӣ мекунад


Парвиз Мушарраф имрӯз қарор аст аз мақоми сарфармондеҳи низомии Покистон канор равад. Фардо вай чун раиси ҷумҳурии ғайринизомии кишвар барои мӯҳлати панҷсолаи дигар савганд ёд хоҳад кард. Интизор меравад, ки салоҳиятҳои низомии Мушарраф ба раиси собиқи хадамоти кашфи Покистон генерал Ашфақ Киёнӣ вогузор шавад. Мушарраф, ки соли 1999 дар натиҷаи кудато сари қудрат омадааст, муддати ахир зери фишори фазояндаи мухолифин қарор дорад, ки аз ӯ каноргузории масъулиятҳои интизомӣ ва хатми вазъияти изтирории кишварро тақозо мекунанд.
XS
SM
MD
LG