Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия гази Туркманистонро бо нархи баландтар мехарад


Ширкати давлатии гази Русия гуфт, қимати газеро, ки аз Туркманистон дар соли нави 2008 харидорӣ мекунад, бо нархи 30 дар сад баландтар пардохт хоҳад кард. Чунин тавофуқ ба эҳтимоли зиёд натиҷаи талошҳои Маскав барои суръат бахшидани ҷараёнҳои сохтмони лӯлаи нави гази Каспий аз ҷониби Туркманистон мебошад. Созишномаи мазкур дирӯз дар ҷараёни сафари раиси ширкати "Газпром" Алексей Миллер ба Ашқобод ба имзо расид. Ҳамакнун, Русия барои ҳар ҳазор метри кубии гази туркманӣ на 100 доллар, балки 130 доллари амрикойӣ пардохт мекунад ва барои интиқоли ҳамин миқдор газ ба Аврупои Ғарбӣ 260 доллар тақозо хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG