Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯдакон дар доми қочоқбарони маводи мухаддир


Дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон ду мактабхони тоҷик гаравгон гирифта шуданд. Гурӯҳи номаълуми мусаллаҳ аз сӯйи Афғонистон вориди рустои Порвори ноҳияи марзии Шӯрообод шуда ва ин ду ноболиғи тоҷикро бо худ бурданд. Мақомот мегӯянд, ин қазия чанд рӯзи пеш рух додаст, аммо танҳо дирӯз дар ин бора хабар шудаанд. Тафсилоти бештар ба хотири нигаҳдории амнияти асирон ироа намешавад. Гуфтанист, ин ҳодисаҳои аввалини гаравгонгирии шаҳрвандони Тоҷикистон дар мавзеъҳои марзӣ, бахусус дар навоҳии Шӯроободу Ҳамадонӣ нест. Ба гуфтаи додситонии Шӯрообод, танҳо дар соли ҷорӣ 10 сокини маҳаллӣ аз сӯйи гурӯҳҳои номаълуми афғон гаравгон гирифта шудаанд. Гуфта мешавад, феълан чанд ҷавону наврас аз ҷамоати Марғоби хоҷагии Чубеки ноҳияи Ҳамадонӣ, ноҳияи дигари ҳаммарзи Афғонистон, низ дар гаравгонӣ ба сар мебаранд. Таҳлилгарон мегӯянд, феълан дар хоки Афғонистон тақрибан 25 шаҳрванди Тоҷикистон дар асорат ҳастанд.

XS
SM
MD
LG