Пайвандҳои дастрасӣ

Анҷоми мусобиқоти гӯштӣ дар Хуҷанд


Дар шаҳри Хуҷанд 7-умин мусобиқаи боз оид ба гуштии озод анҷом пазируфт. Дар ин рақобатҳо, ки ба таҳкими дӯстии мардумони Осиёи Марказӣ бахшида шуда буд, 135 варзишкор аз устони Суғди Тоҷикистон, ҳамчунин аз Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон ширкат варзиданд. Синну соли гуштигирон аз 16 то 18 буд ва онҳо дар аз рӯйи даҳ вазни муқарраршуда аз 42 то 85 кило вориди рақобат шуданд. Аксари мақомҳои ифтихориро намояндагони Тоҷикистон ишғол намуданд, аз ҷумла Ҳикматулло Ваҳҳобов дар вазни 42 кило, Фурқат Шодиев – 46 кило ва Содиқ Исмоилов дар вазни 54 кило. Ва аммо ҳар се мақоми аввалро дар вазни 85 килограмм варзишкорони қирғиз ва зинаи авалро аз рӯйи вазни 50 кило намояндаи Узбакистон соҳибӣ карданд.

XS
SM
MD
LG