Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иттиҳоми афсари хорват баъди сафедшавиаш дар додгоҳи Ҳейг


Додситонҳои Хорватия як афсари собиқи артиши кишварро, ки чанде пеш аз ҷониби трибунали низомии СММ сафед шудааст, гунаҳгор донистанд. Мирослав Радич дар ҷиноёт алайҳи мардуми мулкии хорват ва зиндониёни ҷангии соли 1991-и Хорватия гунаҳгор дониста шуд. Моҳи сентябр иттиҳомоти воридаи зидди вай аз ҷониби трибунали низомии Ҳейг бекор карда шуд ва вай ба Белград баргашт. Яке аз гуноҳҳои вай ин будааст, ки ба сари як маҳбуси даврони ҷанг дар пеши чашми кӯдакон тир холӣ кардааст. Хорватия барои боздошти Радич ҷустуҷӯи байналмилалӣ эълон карда буд.

XS
SM
MD
LG