Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрони музокироти Косово идома дорад


Музокироти миёни раҳбарони сербҳову албаниҳо роҷеъ ба сарнавишти ояндаи Косово ҳанӯз дар бунбаст қарор дорад. Ва ин ҳам дар ҳоле, ки то анҷоми даври феълии музокироти ҷонибҳо дар наздикиҳои Вена саотҳои башумор мемонад. Баъди мулоқотҳо, нахуствазири Сербистон Войислав Коштунитса мавқеи худро такрор кард, ки Сербистон ҳеҷ як эъломияи истиқлолиятро намепазирад. Раҳбари Косово Фатмир Сайидию гуфт, ки Косово "гаравгони Сербистон намешавад". То таърихи 10 декабр миёнҷиҳои Иттиҳодияи Аврупо, Русия ва Амрико бояд роҷеъ ба пешравиҳо дар ин музокирот ба СММ гузориш диҳанд.
XS
SM
MD
LG