Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бурҷанадзе: "Гурҷистон рӯзҳо сахтро пушти сар мекунад"


Иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳурии Гурҷистон, раиси парлумон Нино Бурҷанадзе гуфт, марҳилаи омодагиҳо ба интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар, ки ба 5 январ таъйин шудааст, душвор хоҳад буд, аммо дар айни замон изҳори хушбинӣ кард, ки Гурҷистон мушкилоти мавҷударо пушти сар гузошта як интихоботи шаффофу одилона баргузор хоҳад кард. Хонум Бурҷанадзе таърихи 25 ноябр масъулияти раҳбарии кишварро аз дасти Михаил Саакашвилӣ, ки ба хотири ширкаташ дар интихоботи пеш аз вақти президентӣ аз вазифа муваққаттан канор рафтааст, ба дӯши худ гирифтааст. Бурҷанадзе дар сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши гурҷии радиои Озодӣ гуфт, ки ба андешаи вай танқидҳои онҳое, ки мегӯянд, ҳукумат бо истифодаи зӯр зидди ширкатдорони намоишҳои эътирозӣ ба иштибоҳ роҳ додааст, розӣ нест. Вай гуфт, ки хатари тавсеа ёфтани низоъ вуҷуд дошт ва баъзе раҳбарони мухолифин ба барканоршавии ҳукумат даъват мекарданд. Дар масъалаи нақши эҳтимолии Русия дар ин низоъҳо Бурҷанадзе гуфт, ки додситонии кулли кишвараш аллакай чандин далели даст доштани Маскавро дар ошӯбҳои Тифлис омода карда бояд дар фурсати наздик ин маводро ошкор кунад. Русия ин иттиҳомотро рад кардааст. Бурҷанадзе гуфт:

"Ҳоло шумо дар Гурҷистон ҳатто кӯдакеро пайдо нахоҳед кард, ки хостҳои Русияро дар Гурҷистон эҳсос накунад: чӣ гуна Русия мехоҳад вазъро дар Гурҷистон бесубот кунад, чӣ тавр барои Русия муҳим аст, ки ба ҷои як ҳукумати қавии ҳамвазн бо Русия, Гурҷистон дорои як ҳукумати заъиф хоҳад буд, ки танҳо болои масоили дохилӣ тамаркуз кунад ва на Абхазистону Осетияи Ҷанубӣ ва на НАТОву дигар чизҳоро хоҳад дошт".

Бо зикри

ин ҳама хонум Бурҷанадзе аз Саакашвилӣ ҳимоят кард ва гуфт, ки вай дар роҳандозии ислоҳоти шадидан душвор пирӯз омад ва гуфт, ки аз интихоби дубораи вай ба ин мақом пуштибонӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG