Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози намояндагони порламони Афғонистон


Ба раҳбарии Муҳаммад Юнуси Қонунӣ -раиси Маҷлиси поёнии порламони Афғонистон ё Вулусӣ Ҷирга рузи душанбе намояндагони порламони ин кишвар ба нишонаи эътироз чанд дақиқа иҷлоси порламонро тарк карданд. Онҳо бо чунин амал бар зидди куштори 6 намояндаи порламон ва 71 нафари дигар дар вилояти Бағлон эътироз карданд. Муҳаммад Юнуси Қонунӣ мегуяд, давлат аз дархости порламон дар бораи ба таълиқ даровардани фаъолияти мақомоти вилояти Бағлон чашм пушидааст. Дар авоили моҳи ноябр дар натиҷаи як ҳамлаи интиҳорӣ ба ҳайати порламон ва тирандозии ҳомиёни амният афроди зиёд куша шуданд, ки дар миёни онҳо 61 кудак низ буд.
XS
SM
MD
LG