Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазияи Ховари Миёна аз нигоҳи таҳлилгарони тоҷик


Дар мавриди нишасти Аннаполис миёни таҳлилгарони тоҷик низ назарҳои мухталиф вуҷуд дорад.

Ба назари онҳо, ин қазия, ки таърихи тақрибан 60 сола дорад, бо гузашти солҳо боз ҳам амиқтар мешавад. Зеро мегӯянд, ҳанӯз ҳам дар дохили ин кишварҳо нирӯҳои қавие дар муқобили ҳукумати Исроил ва ташкилоти худгардони Фаластин фаъол аст, ки сарфи назар аз онҳо ғайри қобили тасаввур аст.

Бархе аз таҳлилгарони тоҷик бар инанд, ки гузаштҳои Исроил агар раҳбарияти ташкилоти худгардони Фаластинро қонеъ месозад, аммо мардуми бумии ин сарзамин, ки огаҳ аз воқеиятҳои аслии таърихӣ ҳастанд, ба созиши раҳбарияти ташкилоти худгардон мувофиқат нахоҳанд кард ва дар атрофи нирӯҳои мухолифи он муборизаҳоро идома медиҳанд.

Раҳматулло Абдуллоев, коршиноси Маркази низоъшиносӣ ва таҳқиқотҳои минтақавии Душанбе мегӯяд, дар гузашта низ барои ҳалли қазияи Ховари миёна аз сӯи абарқудратҳо пешниҳодоти зиёде сурат гирифта буд, аммо бо иллати мавриди назар қарор надоштани манофеъи ҳама ҷонибҳо, он номуваффақ ва ҳамчун як пешниҳод боқӣ мондааст. Раҳматулло Абдуллоев мегӯяд, феълан, дар Фаластин лидере ба мисли Ёсир Арафот вуҷуд надорад, ки аз пуштибонии шумори бештари мардум бархурдор бошад ва ин садди роҳи наздикшавии ҳалли қазия мегардад. Аммо дар зимн мутмаин аст, ки ҳалли қазияи Ховари миёна таъсиси ду давлати Фаластин ва Исроил бо манзури манофеи ҳар ду миллат дар минтақа аст, зеро ин марзҳо дар тули таърих маҳалли меросии ду миллати арабу яҳуд будааст.

Вале Нуралӣ Давлат, муаррих ва таҳлилгари дигари тоҷик мӯътақид аст, ки манофеъи абарқудратҳо дар Ховари миёна ин қазияро печидатар ва амиқтар кардааст. Зеро, ба гуфтаи ӯ, аз оғози ин қазия, аз таъсиси давлати Исроил дар хоки Фаластин, иқдомҳои абарқудратон бо иштибоҳҳо сурат гирифтааст. Ин таҳлилагари тоҷик ҳамчунин бар ин аст, ки назар ва иқдомҳои кишварҳои минтақа дар ҳалли қазия ва ё амиқтар шудани он хеле нақш дорад, ба вижа кишварҳои дигари арабӣ.

Аммо Мӯсо Асозода, коршиноси тоҷик бовар дорад, ки дар ҳалли қазияи Фаластину Исроил дар баробари Амрико, назари Русия нақши калидӣ хоҳад дошт. Зеро, ба гуфтаи ӯ, дар дохили ин кишварҳо нирӯҳое мутмаин ба кӯмаки Русия фаъоланд ва аз ин кишвар дар ҳалли қазия интизороти зиёд доранд.

XS
SM
MD
LG