Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози бунёди Кохи матбуот дар Суғд


Маросими ифтитоҳи сохтмон бо ширкати раиси вилоят Қоҳир Расулзода, 27 ноябри 2007
Маросими ифтитоҳи сохтмон бо ширкати раиси вилоят Қоҳир Расулзода, 27 ноябри 2007

Дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд рӯзи 27 ноябр бунёди кохи матбуот расман оғоз ёфт. Ягона кохи матбуоти Суғд дар маҳаллаи канори рости рӯди Сир ба шакли як бинои нуҳошёна, монанд ба маҷмаъаи матбуоти Душанбе қомат хоҳад афрохт.

Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд зимни суханронӣ дар маросими гузоштани хишти аввал гуфт, дар кохи матбуот утоқҳои кории васоити ахбори умум ва дафтарҳои созмонҳои журналистон ва адибони вилоят ҷой хоҳанд гирифт. Расулзода аз мушкили кору эҷоди журналистон ва расонаҳои чопии Суғд, ки теъдоди онҳо беш аз 75 адад мебошад, мисли мушкили дарёфти ҷой барои дафтарҳои корӣ, набуди техникаву таҷҳизоти замонавӣ, маош ва ҳаққи қалами кам, дастнорасӣ ба барқ ва Интернет ёдовар шуд ва ин мушкилотро гузаранда ва муваққатӣ хонд.

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи муассисон ва сардабирони расонаҳои Суғд, дар ҳоле ки мақомот расонаҳои ҳукуматиро ҳароина сарпарастӣ, кӯмакҳои молӣ ироъа, бо маблағ ва дафтарҳои корӣ ва теъдоди обуна таъмин мекунад, расонаҳои ғайридавлатии Суғд аз сӯи мақомот ҳеҷ гуна дастгирӣ намебинад ва ҳалли ин ҳама мушкилот бар дӯши худ доранд. Дар оғози соли равон ҳафтавори «Cуғд» - аввалин нашрияи ба забони тоҷикӣ дар Хуҷанд дар пайи мушкилоти молӣ баста шуд.

Додохони Эгамзод, сардабири ҳафтавори «Нилуфар» дар Хуҷанд, гуфт, имрӯз барои журналистон шароити эҷод мукаммал нест, идораи нашрияҳо дар парокандагӣ воқеъ гаштаанд, нархи иҷораи дафтарҳои корӣ барои нашрияҳои ғайридавлатӣ гарон аст, истифодаи воситаҳои алоқаи замонавӣ душвориҳо дорад ва сифати чопи нашрияҳо ба талаботи замон ҷавобгӯ нест.


Дар робита ба мавзӯъ Абдувосит Олимов, журналист ва корманди як матбаъаи Хуҷанд гуфт, бунёди кохи матбуот ҳанӯз ҳалли мушкилоти техники хабарнигорон ва расонаҳо нест. Вай афзуд, то ҳанӯз дар маркази вилоят як нашриёте, ки ҷавобгӯ ба талаботи рӯз нашрияву маҷаллаву китоб ба чоп расонад, вуҷуд надорад. Он матбаае, ки ҳаст, аз давраи шӯравӣ ва тамоми таҷҳизоташ фарсуда ва кӯҳна аст. Танҳо матбааи Истаравшан дорои як–ду таҷҳизоти чопи ҳозирзамон барои чопи нашрияҳо аст. Аз ин рӯ дастандаркорони бунёди Кохи матбуотро мебояд сари нав кардани васоит ва таҷҳизоти матбаа низ фикр кунанд.

Ба гуфтаи масъулин, анҷоми сохтмони кохи матбуот дар шаҳри Хуҷанд дар се сол ва ё каме барвақттар дар назар гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG