Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хаткашоне, ки орзуи дидори президентро дорад


«Зиндагиам бисёр сахт аст. Маоши ками хаткашонӣ танҳо барои як ҳафта мерасад, аммо ин касбро тарк намекунам, зеро давлатист, ва метавонам дар оянда нафақапулӣ бигирам.»

Ин ҳарфи Ҳаловат Сафарова - як сокини шаҳри Душанбе аст, ки 52 сол дошта модари 2 фарзанд 3 набера мебошад. Вай барои худ сангинтарин корро дар шароити кунунуии Тоҷикистон - хаткашониро интихоб кардааст ва аз пайи он оилаашро таъмин мекунад.

Даҳ соли пеш шавҳари хонум Ҳаловат барои дарёфти пул ба Русия рафта буд, вале то имрӯз аз худ боре ҳам дарак надодааст. Боре барои зану фарзандонаш пул нафиристодааст. Даҳ сол аст, ки ӯ аз таъмини оила, ба қавле, шона холӣ кардааст. Хонум Ҳаловат ба ивази кори басо сангини хаткашонӣ, ҳамагӣ 66 сомонӣ маош мегирад, каме бештар аз 20 доллари амрикоӣ.

«Дар як моҳ, ҳамон ҳам гоҳ-гоҳ, як бор гушт мехарам. Агар рузномаҳоро натавонем саривақт фурушем, маошамонро мегардонанд ва дасти холӣ ба хона меравам.»

Аз ӯ дар мавриди он суол кардам, ки оё бо мошин хат мекашонад?

«Дар Душанбе 67 шӯъбаи алоқа ҳаст, ба кадом яке мошин медиҳанд. Шумо аҷоиб гап мезанед. Ман худам кори 3-4 касро анҷом медиҳам, ҳама маош кам гуфта аз кор рафтанд.»

Хонум Ҳаловат мегӯяд, маошашро чандин моҳ ҷамъ карда ва боз аз хешу табор пул карз гирифта тайи як моҳ шавҳари бедарак ғайбзадаашро дар чандин шаҳри Русия ҷустуҷу кардааст, аммо танҳову ноумед ва озурдадил ба хон
"Агар рузномаҳоро натавонем саривақт фурушем, маошамонро мегардонанд ва дасти холӣ ба хона меравам"
а баргаштааст.

Ягона орзуе, ки хонум Ҳаловат дар дил мепарварад, ва ба гуфтаи ӯ, иҷро шуданаш амри муҳол аст, ин аст, ки ру ба рӯ боре бо раисҷумҳур суҳбат кунад ва мушкилоти зиндагиашро бо ӯ дар миён гузорад, зеро вай бар ин бовар аст, ки аз мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии рӯзаафзуне, ки пайваста мардуми кишвар, хусусан, занҳои танҳову фақирро домангир аст, аз қабили бекорӣ, маоши ночиз ва нарху навои баланди маҳсулоти хурданӣ дар бозор, раисҷумҳури кишвараш хабар надорад.

«Орзу дорам, ки як бор бо президент вохӯрам ва ду даҳон гап дорам ба вай. Шояд ягон рӯз ин орзуи ман амалӣ шавад.»
XS
SM
MD
LG