Пайвандҳои дастрасӣ

ЮСАИД ҷомеаҳои Тоҷикистону Амрикоро мепайвандад


Зимни баргузории як нишасти матбуотӣ дар Душанбе барномаҳои ҷадиди омӯзишии Амрико барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз сӯи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ роҳандозӣ шудааст, муаррифӣ шуд.

Масъулини барномаи «Равобити ҷомеаҳо» гуфтанд, дар соли 2008 ҳудуди 50 шаҳрванди ихтисосдори Тоҷикистон барои сафар ба Амрико дар доираи барномаҳои шаҳрсозӣ, идораи қарзҳои бонкӣ, китобхонадорӣ, идораи маризхонаҳо ва низоми идораи захоири энержӣ интихоб хоҳанд шуд.

Дар нишаст гуфта шуд, барномаи «Равобити ҷомеаҳо»-и USAID ба мутахассисони тоҷикистонӣ имкон медиҳад, то тӯли се ҳафта дар Амрико таҷриба биёмӯзанд. Ва ҳадаф он будааст, ки ин барнома, имкон медиҳад, шаҳрвандони ду кишвар дар ҳалли масоили умумии касбӣ ҳамкорӣ бинамоянд. Ҳамчунин, барнома ҳамдигарфаҳмии иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми ин ду кишварро боло мебарад.

Масъулин гуфтанд, барномаи мазкур ба афроде равона шудааст, ки барои идеяҳои нав боз ҳастанд ва омодаанд, ки таҷрибаи худро ба дигарон низ биёмӯзонанд.

Ширкатдорони барномаҳои соли гузашта низ дар чорабинии имрӯз иштирок доштанд ва аз таҷрибаи худ нақл карданд.

Дар солҳои 2006 ва 2007 барномаҳое дар мавзӯъоти тарзи солими зист, сайёҳӣ ва табиат, дин дар ҷомеаи дунявӣ, коркарди мева ва сабзавот, таҳияи маводи таълимӣ барои макотиби миёна, таълими журналистика, занони раҳбар ва пешгирии амрози гузаранда амалӣ гардонида шудаанд. Моҳи январи соли 2008 сафари як гурӯҳи соҳибкорони хурду миёна ба ИМА дар назар гирифта шудааст.

Дар ин нишаст таъкид шуд, ки теъдоди афроди иштиёқманд аз Тоҷикистон барои омӯзиш ва кору фаъолият дар Амрико сол то сол бештар мешавад ва ҳукумати Амрико ҳам барои ҷалби бештари шаҳрвандони ин кишвар ҷиҳати омӯзиш алоқамандии бештар нишон медиҳад. Тибқи иттиллоъи сафорати Амрико дар Тоҷикистон, дар як соли ахир ҳудуди ҳаштсад ҷавони тоҷик тавонистааст, визаи омӯзишии ин кишварро дарёфт кунад. Ин дар ҳолест, ки Русия - аз кишварҳои аслии омӯзишдиҳандаи мутахассисини тоҷик дар хориҷа, ҳамасола барои 150 то 200 донишомӯз иҷозаи таҳсил додааст.

Бо таваҷҷӯҳ ба як чунин фарқияти қобили мулоҳизаи шумори ҷавонони тоҷик барои омӯзиш дар ин ду кишвар, бархе аз коршинсони тоҷик мегӯянд, Амрико қасд дорад, бо василаи густариши барномаҳои омӯзишӣ ва таълимӣ, элитаи ояндаи Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф аз ҷумла сиёсат, иқтисод ва иҷтимоъу фарҳангро зери таъсири худ бигирад. Ҳамон кореро, ки то ба имрӯз Русия анҷом додааст.

Саймиддин Дӯстов - коршиноси тоҷик мегӯяд, Амрико бо афзоиши шумори ҷавонони донишомӯзи тоҷик дар донишгоҳҳояш ва роҳандозии барномаҳои мухталифи омӯзишӣ барои мутахассисини тоҷик метавонад ҷойи Русияро дар Тоҷикистон дар ин замина танг кунад. Аз сӯи дигар, давлати Тоҷикистон низ бар ин раванд мувофиқ аст, ки кадр ва мутахассисони ҳирфаиро на танҳо дар Русия омӯзиш диҳад.

Дар ҳамин ҳол, Даниел Стенлӣ - ҳамоҳангсози аршади барномаҳои Шӯроҳои амрикоӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, таваҷҷӯҳи ин кишвар баъди пошхӯрии Шӯравӣ ҷиҳати роҳандозии равобит миёни донишҷӯёни Амрико ва Тоҷикистон пайдо шуд.
XS
SM
MD
LG