Пайвандҳои дастрасӣ

Генерал Мушарраф истеъфо медиҳад


Генерал Парвиз Мушарраф-раиси ҷумҳури Покистон қабл аз истеъфои худ аз мақоми фармондеҳи кулли нируҳои кишвараш дар 28-уми ноябр бо воҳидҳои артиш худоҳофизиро шуруъ кардааст. Мақомоти Покистон мегуянд, баъд аз истеъфои Парвиз Мушарраф аз мақоми фармондеҳи кулли артиш рузи баъд , яъне рузи панҷшанбе давраи нави раёсати ҷумҳуриаш барои панҷ соли дигар оғоз мешавад, вале ин давра чун як шахси ғайринизомӣ. Ахиран Мушарраф зери фишори рузафзуни маҳофили байналмиллалӣ ва дохилӣ қарор дошт, то аз мақоми низомиаш истеъфо диҳад.
XS
SM
MD
LG