Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин - абарқудрати нави ҷаҳонӣ?


Мардуми зиёд дар панҷ кишвари Аврупои ғарбӣ ва ИМА бар ин боваранд, ки дар оянда эҳтимолан Чин ҳам ба мисли ИМА ба нерӯи ҷаҳонӣ табдил меёбад.

Ба фикри иштирокчиёни як назарсанҷии муштараки нашрияи британиявии "Financial Times" ва пажӯҳишгоҳи "Harris poll", дар соли 2020 ИМА ва Чин нерӯҳои абарқудрати ҷаҳонӣ хоҳанд буд. Дар Фаронса, Испания ва Италия аксарият Чинро дар ҷои аввал гузоштаанд. Вале дар Бритониё, Олмон ва худи ИМА аксари пурсидашудагон иброз доштаанд, ки баъди 13 сол ҳам ИМА кишвари муқтадири олам хоҳад буд.

Назарсанҷӣ аз 1 то 14 ноябр доир шуда, дар он беш аз 6,5 ҳазор нафар иштирок кардаанд. 69 дарсади итолиёвиҳо, 63 дарсади фаронсавиҳо, 57 дарсади олмониҳо ва 58 дарсади амрикоиҳо бар ин фикранд, ки Чин бояд ҳамчун кишвари рақиб баррасӣ шавад. Дар Испания ҳам 43 дарсад Чинро рақиб мешуморанд, вале дар ин кишвар беш аз ҳар кишвари дигари назарсанҷишуда 33 дарсади пурсидашудагон изҳор намудаанд, ки то соли 2020 Чин ба коршарики мамолики ғарбӣ табдил хоҳад ёфт.

Вале назари мардуми мамолики ғарбӣ дар бораи Русия дигар аст. Беш аз нисфи итолиёвиҳо, олмониҳо, испаниявиҳо ва фаронсавиҳо ҷавоб додаанд, ки онҳо Русияро на чун рақиб, балки ба ҳайси кишвари шарики Аврупо арзёбӣ мекунанд. Дар ИМА 43 дарсади пурсидашудагон Русияро рақиб ва 22 дарсад шарик номиданд. Дар Британия ҷавобҳо тақрибан баробар тақсим шудааст. Дар ин кишвар 34 дарсад Русияро рақиб, 31 дарсад шарик мешуморанд ва 35 фоизи пурсидашудагон посух додааст, ки дар бораи рақиб ва ё шарик будани Русия фикри дақиқ надоранд.

Аксари ширкаткунандагони назарсанҷии "Financial Times" ва "Harris poll" гуфтаанд, ки кишварҳои аврупоӣ ва ИМА бояд поймолшавиҳои эҳтимолии ҳуқуқи башар дар Русия ва Чинро нодида нагиранд. Ба ақидаи муаллифони назарсанҷӣ мардуми шаш кишвари таҳқиқшуда дар равобит бо Русияву Чин вазъи ҳуқуқи башарро дар ҷои аввал гузоштаанд.

Хулоса, то фарорасии соли 2020 ҳамагӣ 13 сол боқӣ мондааст ва тавре аз назарсанҷӣ маълум мешавад, дар иртибот бо Чин дар зеҳни мардуми кишварҳои аврупоӣ ду фикр: яке рақобати ин кишвар ва дигаре вазъи ҳуқуқи башар дар Чин мавқеи муайянкунанда дорад.

XS
SM
MD
LG