Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси минтақаии ЮНИСЕФ ба Тоҷикистон меояд


Бино ба хабари намояндагии ЮНИСЕФ ё Бунёди Байналмиллалии Омузишии Кудакон дар Душанбе, Тоҷикистон ба ҷашнвораи 18-умин солгарди Муқовиланомаи ҳуқуқи кудак хоҳад пайваст. Ин Муқовиланома соли 1993 ба тасвиб расидааст ва Тоҷикистон дар баробари 192 кишвари дигар ин муқовиланомаро дар бораи ҳуқуқи кудак ба расмият шинохтааст. Барои ширкат дар ҷаншвораи 18-умин солгарди ин Муқовиланома хонум Мария Каливис-раиси минтақаии ЮНИСЕФ дар Аврупои Марказиву Шарқӣ ва кишварҳои муштарак-ул-манофеъ ҳамин ҳафта вориди Тоҷикистон хоҳад шуд. Хонум Каливис дар ҷараёни боздиди шашрузаи хеш аз Тоҷикистон бо мақомоти аршади ҳукумат, бо созмонҳои имдодӣ ва бо ҷавонон мулоқот анҷом медиҳад ва дар маърака ё компойни зидди Эйч Ай Ви-ЭЙДЗ ё ВИЧ СПИД ширкат меҷуяд.
XS
SM
MD
LG