Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Конфронси сулҳи Ховари Миёна оғоз мешавад


Конфаронси сулҳи Ховари Миёна имрӯз, 27 ноябр, дар шаҳри Аннаполиси аёлати Мерилэнди ИМА бо ширкати намояндагони кишварҳои зиёди манфиатдор дар ҷараёни сулҳи байни Исроилу фаластиниҳо, аз ҷумла вузарои хориҷаи кишварҳои арабӣ ва ҳамчунин фиристодаҳои гурӯҳи Ҷи-8, Иттиҳодияи Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид ба кор оғоз мекунад.

Нишасти Аннаполис нахустин ҳамоиши сулҳи Ховари Миёна таҳти назари Амрико дар 7 соли ахир маҳсуб шуда, таъмини ҳузури намояндагони тақрибан ҳама кишварҳои муҳими арабӣ дар ин анҷуман аз муваффақиятҳои дипломатҳои амрикоӣ арзёбӣ мешавад, ки ба хотири ҷалби ин кишварҳо хеле пойфишорӣ кардаанд. Дар ин миён ба вижа ширкати намояндагони Сурия ва Арабистони Саудӣ қобили мулоҳиза аст.

Ва он ҳам дар ҳоле, ки талаботи пешгузоштаи он ду кишвар шомили дастури кори анҷумани Аннаполис нашудааст. Арабистони Саудӣ мехост, дар ин ҳамоиш тарҳи пешниҳодии Ар-Риёд, ки бозгашти Исроил ба марзҳои то соли 1967-ашро тақозо мекард, баррасӣ шавад. Сурия баҳси масъалаи хуруҷи Исроил аз сарзаминҳои ишғолии теппаҳои Ҷӯлонро талаб гузошта буд.

Эрон, ки ба Аннаполис даъват нашудааст, Арабистони Саудиро ба маҳзи қасди ширкаташ дар ин конфронс ба боди маззамат кашид. Хабаргузории давлатии Эрон ИРНО аз раисҷумҳури ин кишвар Маҳмуди Аҳмадинажод нақли қавл мекунад, ки дар як сӯҳбати телефонӣ бо подшоҳи Саудӣ Абдуллоҳ кишварҳои арабиро аз, ба таъбири Аҳмадинажод, тавтиъаҳо ва фиребкориҳои Исроил ҳушдор додааст. Раисҷумҳури Эрон бо ҳамтои суриёии худ Башор Асад низ дар ин робита гуфтугӯи телефонӣ доштааст.

Бо вуҷуди муваффақияти Амрико дар амри таъмини ширкати кишварҳои арабӣ дар конфаронси Аннаполис, ҳанӯз рӯшан нест, ки оё аз ин ҳамоиш чӣ ба даст хоҳад омад? Ҳарду ҷониби Исроил ва фаластиниҳо дар арафаи конфаронс дар ин маврид мӯҳтотона сӯҳбат мекунанд ва мегӯянд, умедашон бештар ин аст, ки нишасти Аннаполис масири музокиротҳои баъдии сулҳи Ховари Миёнаро маълум хоҳад кард.

Набил Шаъас, мушовири аршади раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос, аз ҷумла дар ин робита ба хабаргузории Ройтерс гуфт, аввал аз ҳама, ҷалби таваҷҷӯҳ ба масъалаи Фаластин муҳимтарин натиҷаест, ки метавонад аз ин маҷлис дар биояд. Ва бо чунин натиҷа аз ин маҷлис бозгашти билофосила ба музокироте, ки бар усули то кунун мувофиқатшуда, яъне тавре президент Буш таъкид кард, қарордоди сулҳи Арабистон ва қарордодҳои байналмилалии Созмони Милал асос ёфтааст. Вай афзуд, ин имкон медиҳад, ки мо ҳаракатро на аз нуқтаҳои хеле аввал, балки нуқоти тавофуқоти алакай бадастомада идома диҳем, аз ҷумла аз тавофуқоти конфаронси Мадрид ва тавофуқ дар мавриди “сулҳ дари вази сарзаминҳо” ва амсоли ин.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Исроил Марк Регев низ ба Ройтерс ҳарфҳои тақрибан ҳамсон зад. Вай гуфт, имтиҳони Аннаполис танҳо бо баргузории як нишасти хуб поён нахоҳад ёфт, балки бояд дид, ки дар чанд ҳафтаву чанд моҳи баъди ҳамоиши Аннаполис чӣ иттифоқоте рух хоҳад дод. Вай афзуд, мо умедворем, ки аз ин нишаст бо муколамаи тақвиятгирифтаи байни Исроилу фаластиниҳо рӯи масоили решаӣ берун хоҳем омад ва ҳарду ҷониб ба иҷрои таъаҳҳудуоти худ дар чавкоти тарҳи Харитаи роҳ садоқат нишон хоҳанд дод ва мо ҳамчунин шоҳиди азми бештари ҷомиаи байналмилалӣ дар амри ҳимоят аз ҷараёни сулҳу оштӣ ва муқобила бо ифротгароӣ хоҳем шуд.

Як сабаби аслии чунин умедвории ками ҷонибайн вазъияти мушкилест, ки раҳбарони чӣ Исроил ва чӣ ташкилоти худгардони Фаластин дар он қарор доранд. Эътилофи ҳоким дар Исроил вобастаи ду ҳизби ростгароест, ки мухолифи ҳар навъ гузашти ҷиддӣ дар муқобили фаластиниҳоянд. Вазъи Маҳмуд Аббос низ беҳтар нест. Дар ҳоле ки сарзаминҳои фаластинӣ дар борикаи Ғаза таҳти назорати гурӯҳи Ҳамос қарор доранд ва ин гурӯҳ конфаронси Аннаполисро бойкот кардааст, Маҳмуд Аббос низ маҷбур ҳаст, аз ҳар навъ гузаште, ки метавонад мунҷар ба ихтилофи бештар дар суфуфи фаластиниҳо шавад, худдорӣ варзад.

Чунин сурати ҳол, тавоноии конфаронси Аннаполис дар амри пардохтан ба масоили ҷиддие, ба мисли масоили марзиву амниятӣ, сарнавишти шаҳракҳои яҳудинишин ва мақоми Байтулмуқаддас ва тақдири паноҳандагони фаластиниро зери суол мебарад. Ва инҳо масъалаҳое мебошанд, ки ҳама талошҳои қаблӣ ҷиҳати поён додан ба низоъи шастсолаи Ховари Миёнаро замин карда буданд.

XS
SM
MD
LG