Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Малика ба кумак ниёз дорад (видео)


Саида бо либоси сиёҳ рост истодааст

Саида бо либоси сиёҳ рост истодааст

Дар шаҳри Довери иёлати Ню-Ҷерси бо ширкати фаъоли ҷавонони ӯзбак маъракаи ҷамъоварии маблағ барои муолиҷаи Малика Туляганова ном духтари ӯзбак, ки мубталои касалии саратон мебошад, доир гашт.

Малика бошандаи шаҳри Тошканд аст, хоҳари бузургаш Саида дар яке аз донишгоҳҳои Амрико таҳсил мекунад, ва ҳангоме ки аз маризии хоҳараш огаҳ шуд, тасмим гирифт, барои муолиҷаи ӯ мубориза барад. Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ Саида чунин гуфт:

Ин ҳодиса соли 2006 рух дод. Ман он замон дар Амрико будам ва рӯзе ба манзилам занг задам ва садои модарамро бисёр ғамгин дарёфтам. Вақте ки пурсидам, чаро он кас ғамгинанд, модарам гуфтаанд ки пизишкон муайян намудаанд ки хоҳарам Малика гирифтори саратони хун мебошад”.

Саида мегӯяд, пеш аз ин ҳам Малика мегуфт, ки саломатиаш хуб нест, аммо пизишкон аз ҳамаи шикваҳои вай сарфи назар мекардаанд. Саранҷом, баъд аз муоинаи дақиқ ҳақиқати талх ошкор шуд ва акнун мебоист роҳи муолиҷаро пайдо кард. Тавре ки Саида хабар дод, ин маризиро мешавад танҳо бо роҳи ҷарроҳии сареъ мағлуб кард ва мутаассифона, ин гуна табобат дар қаламрави Ӯзбакистон анҷом намешавад.

Ҷавондухтар дар баробари фоҷеъа дилшикаста нашуд ва тасмим гирифт, хоҳарашро хориҷ аз Ӯзбакистон дар ягон кишвари хориҷӣ муолиҷа кунад. Вале таҳқиқоти Саида собит кард, ки ин гуна ҷарроҳиҳо хеле гаронарзишанд ва тавони онҳо барои анҷоми ин амалиёт намерасад:

“Анҷоми чунин амали ҷарроҳӣ дар хориҷа хеле гарон аст. Дар Русия ва Ҳиндустон нархи ин ҷарроҳӣ ба 85 ҳазор доллар ва дар ИМА ба 350 ҳазор доллар баробар аст. Мутаассифона, мо чунин имконият надорем. Ман барои кумак ба ҳар куҷо муроҷиат намудам, аз чандин созмон ва ташкилот ёрӣ хостам. Лекин онҳо тавсияҳои гуногун медоданд. Масалан, мегуфтанд, ки бо сабаби он ки Малика шаҳрванди Амрико нест, мо наметавонем ба ӯ ройгон ёрӣ диҳем.

Дар ниҳоят, дӯстони Саида ба вай машварат додаанд, ки аз тариқи интернет барои кумак муроҷиат намояд, ва Саида нахуст дар форуми ӯзбакии “Арбуз” дархосташро ҷойгир намуд. Ба дархости вай посухҳои зиёд расид, ашхоси ношинос ба Саида аз тамоми гушаву канори дунё дасти ёрӣ дароз кардаанд.

Хабарнигорони бахши ӯзбакии радиои Садои Амрико дар бораи Малика ва фоҷеъаи ӯ филме таҳия карда онро дар сомонаи интернетии Ютюб ҷойгир кардаанд. Шабакаи созмонҳои ҷавонони ӯзбак ва Анҷумани туркистониҳои Амрико маъракаи вижаи ҷамъоварии маблағ баргузор кардаанд.

Саида мегӯяд, то имруз 11 ҳазор доллар ҷамъ шудааст, аммо ин маблағ ҳам барои ҷарроҳӣ кофӣ нест ва ӯ ба кораш идома медиҳад. Саида гуфт, умед дорад, хоҳараш муолиҷа мешавад ва аз чанголи маризии марговар наҷот ёфта ягон рӯз барои хондан ба Амрико меояд. Агар қиссаи Малика ба дили шумо таъсире овард ва шумо мехоҳед ба ӯ кумак расонед, метавонед аз тариқи сомонаи интернетии меҳр нуқта уз, ба суратҳисоби падараш кӯмакпулии худро ирсол кунед.

XS
SM
MD
LG