Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳомоти ҷосусиро аз Мусавиён бардоштанд


Ҳусейн Мусаваиён-собиқ узви аршади музокироти ҳастаии Ирон барои "таблиғоти зидди низом" гунаҳгор дониста шудааст. Хабаргузории "Форс"-и Ирон аз қавли Алиризо Ҷамшедӣ-сухангуи қувваи қаззоияи Ирон гуфтааст, ки иттиҳомоти ҷосусӣ ва нигаҳдории асноди маҳрам дар берун аз дафтари кории худро аз оқои Мусавиён бардоштаанд. Оқои Мусавиён моҳи маи соли ҷорӣ бо иттиҳомоти марбут ба масоили амниятӣ барои муддати кутоҳ боздошт шуда буд. Баъд аз чанд рузи боздошт вай бо васиқа аз зиндон раҳо шуд. Хабаргузории "Форс" нагуфтааст, ки мурофиаи додгоҳи Мусавиён чӣ рузе баргузор шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG