Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсири манфии мухаддирот ба соҳоти ҷомиъа


Cуҳбати мо бо Филиппо де Даниели, ки яке аз нахустин пажӯҳишгарони вазъи қочоқи маводди мухаддир дониста мешавад, чандон тӯлонӣ набуд. Аммо дар гуфтугӯ бо оқои Филиппо равшан шуд, ки ӯ тӯли 8 моҳи ахир ба таҳқиқи вазъи қочоқи мухаддирот дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, машғул будааст.

Филиппо де Даниели унвонҷӯи яке аз донишгоҳҳои Лондон аст ва «Қочоқи маводди мухаддир дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа» рисолаи илмии ӯ барои дифоъи номзадияш мебошад.

Нахуст мо аз ӯ пурсидем, ки ҳадаф аз пажӯҳиши ин риштаи ба қавле «ҷиноӣ» чи буд?

– Ҳадафи аслӣ аз ин пажӯҳиш пайдо кардани равобити миёни қочоқи маводди мухаддир ва иқтисоду иҷтимоъ буд. Аз ин рӯ, тӯли 8 моҳ аст, ки дар Тоҷикистон қарор дорам ва бо гурӯҳҳои мухталиф, аз ҷумлаи ҷомеаи маданӣ, афроди давлатӣ ва дигарҳо дар ин замина суҳбатҳо кардам. Ҳоло мушкил ин будааст, ки гурӯҳҳои қочоқгар саъй намудаанд, то вориди дастгоҳҳои ҳукуматӣ бишаванд. Албатта, ҷилавгирӣ аз ин амал сахту сангин хоҳад буд. Зеро қабл аз шурӯъи ин кор хуб медонанд, ки дар сурати боздошташон мақомоти интизомӣ бо онҳо чи хоҳанд кард. Ба фикри ман, алайҳи гурӯҳҳои машғул ба қочоқи маводди мухаддир маҳкам истодан кори саҳл нест ва ин мушкил – мушкили шумораи аввали Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Вақти зиёде зарур аст, то ин масъала ҳалли мусбати худро дарёфт бикунад: дар як рӯзу як моҳ ва ё як сол рафъ кардани ин мушкил имконнопазир аст. Натиҷаи пажӯҳиши ҳаштмоҳаи банда ин аст, ки мубориза алайҳи гурӯҳҳои қочоқи маводди мухаддир бояд аз сӯи ҷомеа сар бизанад, вагарна ин гурӯҳҳои қочоқгар рӯи ҷомеаи ҳамсояҳо ва ҷаҳон қудрату таъсири зиёде доранд.

-Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ки ба қочоқи маводди муахддир ҳато баъзе намояндагони давлатӣ ҳам даст доранд. Оё бо ин ҳол мубориза алайҳи қочоқи маводди мухаддир муваффақ анҷом меёбад, ё хайр?

«Аввалан, қочоқи маводди мухаддир бояд ба унвони як мушкили миллӣ ва ба унвони мушкиле, ки ба амнияти дохилии кишвар таҳдид мекунад, дониста шавад. Барои ҳамин, маълумоти мардум роҷеъ ба ин соҳаро бештар кардан зарур аст. Ҳарчанд дар Тоҷикистон роҷеъ ба маводди мухаддиру нашъамандӣ ва зарарҳои он камубеш маълумоте доранд, ки дар мавриди мубориза бо гурӯҳҳои қочоқи маводди мухаддир чизеро ҳам намедонанд. Сатҳи саводашон, ки дар зинаи поёнӣ қарор дорад, эшон ба дурустӣ наметавонанд афроди мафиозро аз афроди одӣ ҷудо бикунанд. Баҳонаи тавсеаи қочоқи маводди мухаддир дар Тоҷикистон оғози бесарусомониҳои ҷанги шаҳрвандии ин кишвар пас аз азҳампошии собиқ Шӯравӣ мебошад.. Имкон дорад, ки бархе аз гурӯҳҳо аз қочоқи маводди мухаддир истифода мекарданд, то буҷаи ҳаракати худашонро бой гардонанд. Аз ин назар, ҷанги шаҳрвандӣ ва қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон аз ҳам бегона нестанд. Бояд бигӯям, ки қочоқгарони маводди мухаддири Тоҷикистон тнаҳо нестанд. Ҳамкорӣ ва додугирифти онҳо бо мафияҳои наркотраффики қирғизӣ, русӣ ва чечнӣ барои бисёриҳо равшан аст ва онро низ мо ба хубӣ медонем».

UNAFEI, як институти Созмони милал роҷеъ ба огоҳӣ аз ҷиноят дар кишварҳои Осиё, ахиран гуфтааст, ки мехоҳад намояндагии худро дар Тоҷикистон ҳам таъсис бидиҳад. Ин то чи андоза ба сӯди Тоҷикистон ва ё баръакси он хоҳад буд?

Метавон гуфт, ки будани намояндагии як созмони хориҷии байнулмилалӣ алайҳи маводди мухаддир дар Тоҷикистон як фоли нек аст. Вале бояд гуфт, ки чунин намояндагиҳо аллакай дар кишвар мавҷуд ҳастанд ва ба Оҷонси давлатии мубориза бо қочоқи маводди мухаддир низ як навъ кумак мекунанд. Аммо мушкил ин аст, ки ҳамкорӣ миёни чунин созмонҳои хориҷии байнулмилалӣ бо давлати Тоҷикистон ба андозаи кофӣ нест. Адами ҳамкорӣ ва ё ҳамкории ками миёни созмонҳои хориҷӣ ва давлат, албатта, дар самти мубориза бо қочоқи маводди мухаддир кумаки муассир намегузоранд.

-Оқои Филиппо, оё бо ҳамин пажӯҳиши Шумо роҷеъ ба қочоқи мухаддирот дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, поён хоҳад ёфт?

Фикр мекунам, ба андозаи кофӣ роҷеъ ба ин масъала мониторинг ё таҳқиқи мушаххасе анҷом нашудааст ва ман яке аз афроди маҳдуде ҳастам, ки роҷеъ ба ин мушкил пажӯҳиш кардам. Умед дорам, дар оянда муҳаққиқон ва афроди дигаре ҳам барои пажӯҳиши ин масъалаи байнулмилалии минтақа ба Тоҷикистон, ки ҳамсоякишвари макони маводди мухаддир – Афғонистон – аст, хоҳанд омад. Ва дар охир метавонам бигӯям, ки қочоқи маводди мухаддир таъсири бузурге рӯи тамоми соҳоти ҷомиъа, аз ҷумлаи сиёсат, иқтисод ва иҷтимоъ дорад...

XS
SM
MD
LG