Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро ба Сингапур бохтем?


Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» ба бурду бохти тими миллии футболи Тоҷикистон дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2010 бахшида шудааст. Ба суолҳои хабарнигори Радиои Озодӣ сармураббии даста Маҳмадҷон Ҳабибуллоев посух медиҳад.

Чунон ки огаҳед, тими миллии футболи Тоҷикистон дар даври дуввуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2010 аз дастаи Сингапур аз рӯи натиҷаи ду бозӣ бо ҳисоби умумии 1 бар 3 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи ширкат дар сабқати интихобии гурӯҳӣ маҳрум гардид.

Ва аммо тими миллии футболи Тоҷикистон танҳо пас аз як соли ба вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби кишвар таъин шудани Маҳмадҷон Ҳабибуллоев ҷамъ омада, таи се моҳи ахири соли равон бо сарварии ӯ ҳамагӣ 6 бозӣ анҷом додааст. Дар ин муддат дастаи Тоҷикистон танҳо 1 пирӯзӣ ба даст оварда, се бозиро мусовӣ кардааст ва дар 2 бозӣ мағлуб гаштааст. Нахуст бозии дӯстонаи тимҳои миллии Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар шаҳри Душанбе бо пирӯзии меҳмонон бо натиҷаи 3 бар 2 хотима ёфта буд. Сипас дастаи Тоҷикистон бозии дӯстонаро дар шаҳри Алмати бо тими миллии Қазоқистон бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 ба анҷом расонд. Баъдан бо ҳамин ҳисоб бозии якуми дастаи Тоҷикистон бо тими Бангладеш дар шаҳри Дакка дар даври аввали сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2010 поин ёфт. Дар бозии ҷавобӣ дар шаҳри Душанбе дастаи мизбон - Тоҷикистон тими Бангладешро бо натиҷаи бузурги 5 бар 0 шикаст дод. Ду бозии охирини дастаи Тоҷикистон дар даври дуввуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2010 бо тими Сингапур дар меҳмонӣ бо натиҷаи 2 бар 0 ба нафъи мизбонон ва дар Душанбе бо ҳисоби 1 бар 1 хотима ёфтанд.

Сӯҳроб Қосимов ва Маҳмадҷон Ҳабибуллоев

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон зимни сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ, аз ҷумла гуфт: «Мутаассифона, мо давраи омодагиро ба сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2010 хеле дер шурӯъ кардем. Бар иловаи ин, мо натавонистем, ки дар ду бозии интихобӣ дар сафар бо дастаҳои Бангладеш ва Сингапур ҳамаи он бозигаронеро, ки ба ҳайати тими миллӣ шомиланд, ҷамъ оварем. Бахусус, ширкат надоштани капитани даста Акмал Холматов ва, инчунин, чанд нафар футболбозони ҷавон, ки дар ҳайати тими мунтахаби ҷавонон ҳамзамон дар бозиҳои гурӯҳии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё иштирок доштанд, ба мо имкон надод, ки дар сафар ба натиҷаи дилхоҳ ноил шавем. Федеросиюни футболи Тоҷикистон барои мо шароити заруриро муҳайё карда натавонист. Бинобар ин мо аз ӯҳдаи вазифаи дар назди худ гузошта набаромадем. Ман дар нокомии даста, пеш аз ҳама, худро гунаҳкор меҳисобам. Бинобар ин пас аз бозӣ бо дастаи Сингапур дар як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон изҳор кардам, ки аз вазифаи худ истеъфо медиҳам. Вале раҳбарияти Федеросиюни футболи Тоҷикистон истеъфои маро қабул накард ва ман барои идомаи кори худ бо тими миллии кишвар розигӣ додам…»

Ба дастаи миллии футболи Тоҷикистон аз моҳи июли соли 2006 то имрӯз Маҳмадҷон Ҳабибуллоеви 42-сола ба ҳайси сармураббӣ ифои вазифа менамояд. Вай дар ин вазифа мураббии маъруфи тоҷик Шариф Назаровро, ки баъди нокомии тими миллии Тоҷикистон дар бозии дӯстона дар шаҳри Алмати аз тими миллии Қазоқистон бо натиҷаи 1 бар 4 бо хоҳиши худ истеъфо дода буд, иваз кардааст.

М. Ҳабибуллоев ҳамзамон сармураббии тими лигаи олӣ - «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода мебошад. Ин даста дар тӯли панҷ соли ахир таҳти раҳбарии ӯ чаҳор бор қаҳрамони футболи Тоҷикистон гардида, се бор Ҷоми футболи кишварро ба даст овардааст ва соли 2005 аввалин барандаи Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё шудааст. Тими «Регар» ТадАЗ имсол низ мудаъии аслии унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон мебошад.
XS
SM
MD
LG