Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусодираи 2 тонна прекурсор дар вилояти Суғд


Тибқи иттилоъи Хадамоти назорати маводи мухаддираи вилояти Суғд, кормандони ин хадамот дар ноҳияи Конибодом ҳудуди 2 тонна прекурсор (моддаи кимиёии кислотаи сулфат), ки барои истеҳсоли мухаддирот истифода мешавад, мусодира намуданд. Ин маводи кимиёӣ дар хонаи истиқоматии яке аз сокинони ҷамоати Пулотони ноҳияи Конибодом пайдо карда шудааст.

Бино ба иттилоъи кормандони Хадамоти назорати маводи мухаддираи вилояти Суғд, шахси дастгиршуда бо ин маводи кимиёӣ гуфтааст, ки онро дар ҷумҳурии ҳамсояи Узбакистон дар бозори Қӯқанд ба даст овардааст пинҳонӣ ба Тоҷикистон ворид кардааст. Баъдтар ӯ ин моддаро дар хонаи худаш пинҳон кардааст. Бино ба гуфти ӯ, чунин моддаҳо дар бозорҳои Узбакистон бе маҳдудият ба фурӯш бароварда мешаванд.

XS
SM
MD
LG