Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафирони аврупоӣ дар бораи вазъи навоҳии Хатлон


Мулоқоти ҳайати сафирони кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо бо мардуми маҳаллӣ, 26 ноябри 2007
Мулоқоти ҳайати сафирони кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо бо мардуми маҳаллӣ, 26 ноябри 2007

Сафири Олмон дар Тоҷикистон Райнер Мюлер зимни боздиди сафирони давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупо аз навоҳии Шаҳритус, Қубодиён ва Носири Хусрав иброз дошт, мувофиқи нишондодҳои расмӣ ва бо дарназардошти қимати кунунии пахта дар бозори ҷаҳонӣ, даромади ноҳияҳо танҳо аз андози фурӯши пахта бояд 4-5 маротиба бештар аз буҷаи мавҷудаи онҳо бошад.

Вай афзӯд, аммо дар асл буҷаи феълии умумии ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён ва Носири Хусрав ба маротиб камтар аз оне аст, ки метавонад бошад. Райнер Мюлер гуфт, маблағе, ки бояд аз фоидаи пахтакорӣ ба буҷаи новоҳи ворид шаванд, чандон равшан нест, ки ба куҷо мераванд ва дар акси ҳол, бо сарфи дурусти ин маблағҳо, ҳукуматҳои маҳаллӣи метавонистанд мустақиман соҳоти гуногуни ҷомеъаи худро, ки ба мушкилоти фаровон фуру рафтаанд, маблағгузорӣ кунанд.

Сафири Олмон дар Тоҷикистон иброз дошт, мо мушоҳида кардем, ки аз пахтакорӣ фоида зиёд кардан мумкин аст. Махсусан дар ин манотиқ мо дидем, ки танҳо аз пахтакорӣ дар маҷмуъ метавон 33 миллиён доллар ба даст омадааст. Воқеъан ин маблағи зиёд аст, вале касе намедонад, ки пулҳо куҷоянд. Аз ин соҳа чунон пули зиёд метавон ҷамъ кард, ки дар сурати мақсаднок истифода кардани онҳо метавон тамоми соҳоти ба маблағгузорӣ муҳтоҷро бевосита дастгирӣ кард.

Грем Лотен, сафири Бритониё ва раҳбари ҳайати сафирони давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, гуфт, онҳо бо ҳадафи шиносоии наздик бо вазъи иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ, соҳоти кишоварзӣ ва муайян кардани самтҳои минбаъдаи маблағгузорӣ, аз се навоҳии вилояти Хатлон дидан кардаанд. Грем Лотен афзуд, дар ҷараёни сафар муайян кардаанд, ки сатҳи зиндагии мардум дар ин манотиқ хеле паст буда, сокинон ба мушкилоти зиёди иҷтимоию иқтисодӣ рӯ ба рӯянд.

Сафири Бритониё афзуд, ғолибан муҳоҷирони дохилӣ дар заминҳое зиндагӣ мекунанд, ки барои кишту кор номувофиқ ва ба оби поки ошомидани дастрасӣ надоранд. Грем Лотен, гуфт, мо умед дорем, ки комисиюни Аврупо баъзе аз маблағҳоеро, ки аз ҷониби узви Иттиҳоди Аврупо интиқол дода мешавад, дар ҳамин минтақа истифода намояд. Ҳачунон мо дар ин сафар бо душворӣ ва мушкилоти сохаи пахтакорӣ шинос шудем. Вай афзуд, дар тӯли 3 рӯз мо бо одамони зиёд мулоқот ва суҳбатҳо доштем ва дарк кардем, ки ба мардум интихоби ками кор дода шудааст ва онҳо ночор ба пахтакорӣ рӯ меоранд. Ба гуфтаи ӯ, мардуми ин минтақа аслан побанди шартномаҳое шудаанд, ки на ба худи онҳо, балки бештар ба ширкатҳои сармоягузор фоида меоранд. Сафири Бритониё гуфт, барномаҳои зиёде, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, аслан ба ислохоти замин, фаҳмонидани ҳуқуқҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, бахусус ҳуқуқи истифодабарии замин ва амсоли инҳо, равона шудааст.

Барои амалӣ намудани барномаҳои стротеҷии Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар солҳои 2007 ва 2013 750 ҳазор евро ҷудо шудааст, ки аз он 66 миллиён евро танҳо барои роҳандозии лоиҳаҳои мухталиф дар дохили Тоҷикистон истифода хоҳад шуд. Марк Фумагали, мушовир оид ба масоили сиёсӣ ва иқтисодии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, гуфт, маблағҳои мазкур барои кумаки иҷтимоиву техникӣ, кор бо ҳукумат ва коҳиши фақр, рушди демократия ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар кишвар равона шудаанд.

Ӯ афзуд, шурӯъ аз соли 1992 то ба имрӯз Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон ҳудуди 500 ҳазор евро кумак кардааст ва бо амали анмудани барномаҳои ҷадид, Итиҳоди Аврупо мехоҳад, нақши худро дар минтақа беҳтар ва бештар намояд. Ба гуфти Марк Фумагали, яке аз роҳҳои коҳиш додани фақр ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба кишвар аст, аммо фазои сармоягузории Тоҷикистон беҳбудиро мехоҳад.

Марк Фумагали гуфт, мушкилоти зиёде мавҷуданд ва нақши муҳимро қонунгузорӣ ва дастрасии сармоягузорон ба кишвар мебозад. Зеро он шурӯъ мешавад аз гумрук, ки он бояд содда ва шафоф бошад, то ин ки ҳар як саромягузор бидонад, ки чи қадар ва барои чӣ бояд пардохт кунад. Ҳамчунин мушкили дигар тафтиши зиёди мақомоти масъул аст. Албатта назорат хуб аст ва он бояд қонунӣ бошад, аммо онҳо бояд кам карда шаванд. Зеро яқин аст, ки лоиҳаҳои бузург барои рушди кишвар мусоидат мекунад, аммо бояд чунон рафтор кард, ки мардуми оддӣ ҳам зиндагии хуб дошта бошанд. Вай афзуд, дар ҳамин бастагӣ мо як барномае амалӣ карданӣ ҳастем, ки дар натиҷа мехоҳем фазои ягонаеро барои сармоягузорони хориҷию дохилӣ таъмин намоем, то ин ки онҳо тамоми санадҳои ҳуқуқӣ ва машваратҳои кориро танҳо аз як мақомот дастрас кунанд.

Ҳамин тавр сафари кории ҳайати сафирони Иттиҳоди Аврупо 3 рӯз идома ёфт ва онҳо аз мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии манотиқ, рустоҳо ва мавзеъҳои таърихии он дидан карданд. Дар ҳамаи маҳалҳо мардум бо умед аз мушкилоти рӯзгори худ қисса мекарданд, то ин ки ҳадди ақал барои рафъи онҳо мусоидат намоянд.

XS
SM
MD
LG