Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Донишҷӯе, ки омӯзгор аст


Маҳмадсалим Абдукаримов ҳанӯз дар соли аввали донишҷӯӣ бо дидани мушкилоти ҳамсабақонаш ва дигар донишомӯзони соҳаи илмҳои дақиқ нахустин китоби худро бо номи «ҳалли масъалаҳои матнӣ» нашр кард. Китоби Муҳаммадсалими ҷавон барои донишҷӯён ва омӯзгорони фанни механика ва риёзиёт равона шуда, ҳамчун маводи таълимӣ феълан дар қатори дастурамалҳои дигар омӯзгорон истифода мешудааст. Ин мавод ҳамчунин барои хонандагону донишҷӯёне, ки дар озмунҳои дохиливу хориҷӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ ширкат мекунанд, роҳнамои хуб будааст.

«Ҳадаф аз навиштани ин китоб пеш аз ҳама таблиғот миёни ҷавонон аст нисбати донишандӯзӣ ва дигар ин, ки хонандагони мактабҳои миёна одатан зимни ширкат дар озмунҳо, дар ҳалли масъалаҳои матнӣ ва ҳалли баъзе масъалаҳои нисбатан мураккаб мушкилӣ мекашанд ва ин омилҳоро ба назар гирифта ин китобро навиштам ва ба устодам пешниҳод кардам. Он кас баҳои хуб доданд ва гуфтанд, ки китоб метавонад, ҳамчун дастури таълимӣ барои хонандагони макотиби миёна, донишҷӯёни курсҳои яку ду ва омӯзгорони ҷавон хизмат кунад.»

Ҳоло Муҳаммадсалим дар соли чоруми факултаи механика ва риёзиёти ДДМТ таҳсил мекунад ва дар пайи таҳияи китоби нави худ аст, ки барои омӯзгорону хонандагони макотиби миёна пешбинӣ мешавад. Ба гуфтаи Муҳаммадсалим, дар китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ доир ба мавзӯъи суммаронии пайдарпайиҳои ададӣ хонандагон маълумоти заруриро пайдо намекунанд ва дар ин маврид китоби мушаххасе ҳам нест ва аксаран ҳангоми пеш омадани ин масъала донишомӯзон мушкилӣ мекашанд. Бинобар ин, Муҳаммадсалими ҷавон дастури дуввуми худро ба мавзӯъи суммаронии пайдарпайиҳои ададӣ бахшидааст, ки бо қарори Вазорати маориф он бояд то соли оянда дар Эрон нашр шавад.

«Дар математикаи мактабӣ танҳо дар синфи 9 доир ба пайдарпайиҳое, ки прогрессианд, ишора ба мавзӯъи сумма меравад, вале барои пайдарпайиҳои умумӣ ё пайдарпайиҳое, ки прогрессӣ нестанд, мафҳуми сумма дучор намеояд. Барои ҳамин ман ин китобро навиштам, то хонандагон аз он истифода баранд ва мароқашон ба математика пайдо ва бештар гардад.»

Муҳаммадсалим мегӯяд, бо мушоҳидаи он, ки аксари ҷавонон ва он ҳамсабақонаш, ки ба омӯзиши ин фан шавқ надоранд, ӯ ба навиштани китоб шурӯъ кардааст, то тавонад ҳамсолони худро бо роҳҳои ҷолиб ба омӯзиши ин илм шавқманд созад. Аммо худи Муҳаммадсалим ҳанӯз аз даврони мактабӣ ба фанни математика таваҷҷуҳи зиёд доштаву зимни ҳалли мисолу масъалаҳо ба фарқ аз аксари дигар ҳамсабақонаш бисёр фаъол будааст. Ба гуфтаи Муҳаммадсалим, риёзиёт ва умуман илмҳои дақиқ занҷираи печдарпечеро мемонад, ки агар шахс аз аввал дар омӯзиши он бодиққат набошад, дигар мавзӯъҳоро низ нахоҳад фаҳмид ва дар омӯзиши ин фан то ба охир мушкилӣ мекашад.

«Аз дигар илмҳо дида математика дар ҳақиқат мушкилтар аст, вале дар натиҷаи меҳнат ва бисёр хондан як роҳаш ёбед чандон мураккаб нест. Пеш аз ҳама аз хурдсолӣ ҷалб кардан даркор.»

Асадулло Шарифзода, муовини декани факултаи механика ва математика мегӯяд, хонандагону донишҷӯёни тоҷик аслан аз набуди китобу маводҳои таълимии зарурӣ бо забони тоҷикӣ дар омӯзишӣ илмҳои дақиқ азият мекашанд.

«Аксари китобҳо бо забони русӣ навишта шудаанд ва ё бо забони англисӣ ва забонҳои дигар ҳастанд. Бачаҳои мо вақте баъди хатми мактабҳои деҳот ба пойтахт меоянд, он қадар забони русиро намедонанд ва бо ҳамин мушкилӣ ру ба рӯ мешаванд. Албатта ҳастанд брошюраҳо ё дастурҳои методие, ки бо забони тоҷикӣ эҷод шудаанд, лекин он ҳам мушкилоти ҷавононро ҳал карда наметавонад.»

Вале бо вуҷуди ин оғои Шарифзода меафзояд, таи 2 - 3 соли охир таваҷҷуҳ ва дониши ҷавонон ба соҳаи илмҳои дақиқ бештар мешавад. Ӯ дар ин замина муваффақияти Муҳаммадсалими ҷавон ва иштироки хонандагони тоҷик дар озмунҳои ҷаҳониву ғолибияти онҳоро аз фанни риёзӣ мисол меорад, ки солҳои қаблӣ Тоҷикистон танҳо орзуи чунин ҷавонони риёзидон ва иштирок дар чунин озмунҳоро мекардааст. Аммо ба пиндори Муҳаммадсалими ҷавон, барои боз ҳам рушди ин соҳа ва шавқманд намудани ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқ онҳоро мебояд аз ҳама ҷиҳат дастгирӣ кард.

XS
SM
MD
LG