Пайвандҳои дастрасӣ

Федерасиюни байнулмилалии футбол - FIFA рейтинги нави тимҳои миллии кишварҳои ҷаҳонро нашр кард ва Тоҷикистон дар он 17 зина болотар, яъне ба ҷои 135-ум, баромад.

Тими миллии Тоҷикистон алҳол миёни дастаҳои мунтахаби қораи Осиё дар мақоми 22-юм ва байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбакистон (64-ум), Қазоқистон (110-ум) ва Туркманистон (127-ум) ҷойгир шуда, танҳо аз Қирғизистон (136-ум) пеш аст.

Тоҷикистон миёни 15 кишвари собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷойи 14-ум мебошад. Русия миёни ин кишварҳо дар ҷойи аввал буда, дар рейтинги нави FIFA 6 зина поинтар, яъне ба ҷои 22-юм фуромад. Укроин низ 7 зина поин шуд ва дар ҷои 29-ум қарор гирифт.

Беҳтарин тими миллии қораи Осиё - Ҷопон се зина поинтар фуромад ва феълан дар ҷои 33-юм мавқеъ дорад. Тими миллии Эрон, ки алҳол дар Осиё дуввум аст, 2 зина поинтар шуд (ҷои 40-ум). Куриёи Ҷанубӣ - севвумин дастаи Осиё – 4 зина боло рафт ва дар мақоми 48-ум қарор дорад.

Дар садри ин феҳрист бошад, миёни 208 дастаи мунтахаби ҷаҳон Аргентина ҷой гирифтааст. Бразил мавқеъашро дар зинаи дуввум нигаҳ дошт. Итолиё, қаҳрамони феълии ҷаҳон, дар ҷойи севвум аст. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, ҳамчунин, Испониё, Олмон, Ҷумҳурии Чех, Фаронса, Португол, Ҳолланд ва Хорватия ҷойгир шудаанд.

XS
SM
MD
LG