Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Аннаполис Ҷорҷ Буш гуфт, ширкати раҳбарони ҳам Исроил ва ҳам Фаластин дар ин конфронс умедеро барои хатми ҳама ихтилофи назарҳо дар миёни ду ҷониб ба миён меорад.

Буш гуфт:

“Ман умед дорам, ки дар оянда низ ба муҳовараи ҷиддӣ бо шумо ва раҳбари фаластиниҳо дар робита ба имкони пайдо кардани роҳи истиқрори сулҳ идома хоҳам дод. Ман хушбин ҳастам, ва ман медонам ки шумо низ хушбинед, ман мехоҳам аз шумо барои ҷасорат ва дӯстии шумо ситоиш намоям”.

Эҳуд Олмерт дар посух гуфт, бахусус ҳузури намояндагони дигар кишварҳо дар конфронси Аннаполис, ки дар давоми 7 сол бори нахуст бо ташаббуси ИМА сурат мегардад, илҳомбахш аст.

Баъд аз тақрибан ду соат, раисҷумҳур Буш бо сарвари фаластиниҳо Маҳмуд Аббос вохурд ва онҳо дар нишасти муштарак мухтасар ба саволҳои хабарнигорон посух доданд. Буш кумаки худро пешкаш намуд, аммо таъкид бар он кард, ки мушкилтарин корро ҷонибаҳои музокиракунандаи Исроилу фаластин ба зимма хоҳанд дошт.

”Мо мехоҳем ба шумо ёрӣ диҳем, мо ба Ховари Миёна танҳо ба хотири истиқрори сулҳ ворид шудем, мо мехоҳем мардум дар минтақаҳои фаластинӣ умеде пайдо кунанд, мо барои омодагии шумо ба гуфтушунид бо исроилиҳо ташаккур мегӯем. ИМА наметавонад касеро маҷбур кунад мавқеъашро қабул кунад, вале мо метавонем дар осонкардани ҳалли ин мушкил кумак расонем.”

Маҳмуд Аббос дар посух гуфт, ӯ низ мисли Олмерт хушбин аст, ки раванди сулҳро мешавад неруи нав бахшид, ва имкон дорад тавофуқи ба гуфтаи вай амниятӣ ва иҷтимоъӣ ҳосил шавад. Вай инчунин Бушро барои ташкили конфронс ташаккур гуфт.

XS
SM
MD
LG