Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худоҳофизии Мушарраф бо артиш наздик омад


Мақомоти Покистон мегӯянд, ки раиси ҷумҳурӣ генерал Парвиз Мушарраф интизор дорад дар пешорӯи тарки мақоми низомӣ карданаш рӯзи чоршанбе, 28 ноябр маросими хушбоширо бо артиш оғоз кунад. Мақомот мегӯянд, ки баъди аз мақоми сарфармондеҳи нирӯҳои низомии кишвар канор рафтанаш, Мушарраф рӯзи панҷшанбе ният дорад чун раиси ҷумҳурии Покистон барои мӯҳлати панҷсолаи дигар савганд ёд кунад. Ин навбат вай ба ҳайси раҳбари ғайнинизомии кишвар ифои вазифа мекунад. Мушарраф тайи муддати охир зери фишори фазояндаи ҷомеа ва мухолифин қарор дошт, ки аз ӯ тақозо доштанд, аз мақоми низомиаш даст кашад ва интихоботи пеш аз вақти парлумониро ба моҳи январ таъйин кунад. Тақозои муҳими дигари мухолифин - бекор шудани вазъияти изтирорӣ ҳамоно по бар ҷо мемонад.
XS
SM
MD
LG