Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин гурӯҳи зоирон ба Макка рафтанд


Субҳи имрӯз нахустин гурӯҳи зойирони тоҷик ба Маккатуллоҳ парвоз карданд. Ба иттилоъи мақомоти умури дини вазорати фарҳанг, имсол панҷ ҳазор шаҳрварди Тоҷикистон ҳаққи адои фаризаи мусалмонӣ пайдо кардаанд. Пули сафар ва будубош дар Арабистони Саъудиро имсол шашуним ҳазор нафар пардохт кардаанд, ки ин дуюним ҳазор нафар беш аз квотаи таъиншуда мебошад. Қаблан вазорати ҳаҷҷи Саъудия барои чаҳор ҳазор ҳоҷӣ аз Тоҷикистон квотаи сафар дода буд, аммо бо дарназардошти дархостҳои ҷониби Тоҷикистон, ин ниҳод розӣ шуд, 1000 шаҳрванди дигари Тоҷикистонро бар иловаи квота қабул кунад. Бад-ин тартиб, беш аз якуним ҳазор нафари дигар аз ҳаққи зиёрати амокини муқаддаси Ислом барои имсол маҳрум шуданд. Гуфта мешавад, қабули асноди бештар аз теъдод, ба иллати ноҳамоҳангӣ миёни идораи дини вазорат бо бахшҳои ноҳиявӣ ба миён омадааст. Қимати сафари ҳаҷ барои зойирони тоҷик имсол 2580 доллари амрикоӣ муқаррар шудааст.

XS
SM
MD
LG