Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи кишоварзӣ


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз вазъи феълии соҳаи кишоварзӣ изҳори нигаронӣ карда ва хостори ислоҳи зудҳангоми мушкилот шуд. Дирӯз дар як ҷаласаи ҳукуматӣ Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҳолати имрӯзаи истифодабарии заминҳои обию лалмӣ, бекор мондани майдонҳои зиёди кишт, камбуди фанноварии кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ бас нигаронкунанда аст. Раиси ҷумҳур ҳамчунин ба масъулин супориш дод, суръати сохтмони нерӯгоҳҳои обии Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 афзун бикунанд маркази барқу гармидиҳии Ёвонро низ ба кор андозанд.

XS
SM
MD
LG