Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои Аврупо ҳодисаи одамрабоиро маҳкум кард


Шӯрои Аврупо ҳодисаи рабоиш ва саҳнаи сохтаи қатли як фаъоли ҳуқуқи башар ва се хабарнигорро дар ҷумҳурии ҷанубии Ингушистони Русия маҳкум кард. Раиси Кумитаи ҳуқуқи башари Шӯрои Аврупо Дик Марти аз аъзои парлумони Русия даъват ба амал овард, ки одамрабоёнро муҷозот кунанд. Олег Орлов, раиси созмони "Мемориал" ва се хабарнигор дар пойтахти Ингушистон шаҳри Назран аз ҷониби афроди ниқобпӯш рабуда шуданд. Онҳо шаби 24 ноябр ба мошин шинонда шуда мавриди лату кӯб қарор гирифтанд. Баъди ин одамрабоён онҳоро ба таври сохтакорона онҳоро гӯё қатл карда дар канори шаҳри Назран бидуни пойафзол раҳо кардаанд.
XS
SM
MD
LG